Маълумоти охирин
Главная / Илм / Натролит

Натролит

Натролит (аз натрий ва юн. lit-hos — санг), минерал аз гурухи цео­литов. Таркиби химиявиаш Na2[Al2 Si3Oi0] • 20. Дар системахои ромби ва тетрагонали кристалл мебандад. Кристаллхояш каламчаю сузаншакл. Аксар чун агрегатхои радиалию шуои, зичи сферолити ва массаи нахдор дучор мешавад. Одатан беранг ё сафеди зардтоб, сабзтоб ва сурхтоб аст. Чилояш шишагун. Сахтиаш 5—5,5; зичиаш 2000—2500 кг/м3. Натрий гайр аз об NH3, С02, HgS ва дигар моддахоро чаббидан, инчунин кобилияти як асосро ба асоси дигар иваз кардан низ дорад. Ин хусусиятхои онро дар саноат, асосан барои тайёр намудани пермутитхо (моддаест, ки ба воситаи он обро нарм мекунанд) харчониба истифода меба­ранд. Натрий  дар ковокию таркишхои чинсхои вулкони бо рохи тахшиншави аз махлулхои оби гарм ва тагйирёбии нефелинхо, инчунин дар зонахои фарсоиши сиенитхои нефе­линдор ба вучуд меояд. Конхои Натрий дар Урал, Кавказ, Украина, Сибири Шаркй ва дигар чойхо ёфт шуда- анд.

 

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …