Маълумоти охирин
Главная / Илм / Настурия

Настурия

Настурия, як чараёни дину илохиёти насронист, ки дар асри 5 дар Ви­зантия ба вучуд омадааст. Асосгузори Настурия патриарх (битрик)-и Кустантания (428—31) Несторий буд. Ба кавли Несторий, Марьям Исоро бо сурати одами зоидааст, вале баъд у майлу шавки одамиро бартараф кар­да, сифатхои худои пайдо намудааст. Аз ин ру, дар ниходи Исо чихатхои инсони ва худои ба андозаи муайян карор гирифтаанд, вале ба вахдати комил нарасидаанд.

Такьягохи ичтимоии Настурия асосан доирахое мебошанд, ки хануз хомили анъанахои рационалистии атика буданд (махсусан дар Сурия). Дар айни замон Настурияро рохибони Осиёи Хурд, Миср ва Фаластин кабул накарданд. Папаи Рим хам ба мукобили Настурия баромадааст. Несторий соли 431 кофир эълон карда шуда, ху­ди Настурия хамчун бидъат махкум гардид. Настуриёни ба таъкиб дучоргардида то ба Хитой пароканда шуданд. Холо дар Эрон, Ирок, Сурия ва Хиндустон настуриён зиндагй мекунанд.

 

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …