Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Наср Ибни Мухаммад ибни Ахмад

Наср Ибни Мухаммад ибни Ахмад

Наср Ибни Мухаммад ибни Ахмад ибни Иброхим Абулайси Самарканди (соли таваллуд номаълум — вафот 1003, Самарканд), факухи маъруфи форс-точик. Дар давраи илмию адабии Самарканд ба камол расид.

Асархои машхури у: «Хизонат-ул-фикх» («Хазинаи фикх»), «Тафсил-ул-Куръон» («Тафсили Куръон») иборат аз 4 чилд, «Ан-навозил» («Вокеот») оид ба фатво, «Китобу мухталиф-ир-ривоя» («Китоби ривоятхои гуногун»), «Ал- мукаддима фи-с-салот» («Мукаддимаи намоз»), «Китобу акоид-ил- усул» («Китоби акидахо ва асосхо»), «Бустон-ул-орифин» («Бустони орифон») — асари ахлокию дидактики, «Китобу асрор-ил-вахй» («Китоби асрори паёми худо»), «Китобу куррат-ил-уюн ва муфаррих-ил-калб-ил- махзун» («Китоби нури дида ва шодибахши дили андухгин»), «Минхоч- ул-ибод» («Рахнамои бандагони ху­до») шарх ба «Китоб-ул-фикх-ул-акбар» («Китоби фикхи кабир») ва гайра, ки аксар то замони мо боки  мондаанд. Онхо (алалхусус «Хизонат- ул-фикх ва «Танбех-ул- гофилин») масъалахои хукуки волидайн дар назди фарзанд, хукуки фарзанд дар назди волидайн, зарари шаробнуши, баргаштан аз рохи дуруг ва гайбату хасад, хайру эхсон ба ятимон, рахму шафкат, фазилатхои касб, зарурати донистани коидаи тановули хурок, одоб, шарму хаё ва гайраро дар бар мегиранд. Мероси илмии Наср ибни Мухаммад сарфи назар аз махдудияти идео­логи ва акидахои динию ирфони, ба­рои муайян намудани вазъи мухити илмии даврааш, халли баъзе масъа­лахои фикх, ахлок ва гайра ахамият доранд.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …