Маълумоти охирин
Главная / Илм / Наср Ибни Ахмад

Наср Ибни Ахмад

Наср Ибни Ахмад Ибни Асади Сомони (Насри I, соли таваллуд номаълум — вафот 893), саромади сулолаи Сомониён, хокими Самарканд (864—892). У дар сохили дарёи Нодир дар шахри Хайлам таваллуд ёфтааст. Халки Бухоро бар зидди зулми Ху­сайн ибни Тохир (бародари хокими Хуросон — Мухаммад ибни Тохир), ки соли 874 ба Бухоро зер карда даромада буд, шуриш бардошт ва назди Наср ибни Ахмад намоянда фиристода, аз у хохиш кард, ки ба хокими Бухоро касеро аз хонадони Сомониён таъин намояд. Наср ибни Ахмад бародари худаш Исмоили Сомониро хокими Бухоро таъ­ин кард.

Наср ибни Ахмад соли 875 хокими тамоми Мовароуннахр шуд ва дирхамхои нукра сикка зад (пеш ба сикка зада­ни тангахо факат Тохириён  хукук доштанд). Дар давраи хукмронии Наср ибни Ахмад давлати Сомониён, ки ба он Са­марканду Бухоро, Фаргонаю Чоч ва Исфичоб пурра тобеъ буданд, пуркувват гардид. Соли 888 дар байни ба­родарони низоъ ба амал омада, Исмоил (хокими Бухоро) голиб омад. Ривоят хаст, ки яке аз шахрхои Фаргона — Насрободро Ахмад Ибн Асад ба хотири писараш Наср буньёд кар­да буда аст.

Адабиёт: Бартольд В. В., Туркестан в эпоху монгольского нашествия, Сочинение том 1, Москва, 1963; Негматов Н. Н., Госу­дарство Сасанидов (Мавераннахр и Хо­расан в IX—X вв.), Душнбе, 1977.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …