Маълумоти охирин
Главная / Илм / Наср Ибни Ахмад ибни Исмоил

Наср Ибни Ахмад ибни Исмоил

Наср Ибни Ахмад  ибни Исмоил (Насри II, соли таваллуд тахминан 906 — вафот 943), хокими давлати Со­мониён. Азбаски Наср ибни Ахмад хануз ноболиг буд, давлатро аз номи у аввал вазир Абуабдуллохи Чайхони, сони вазир Абулфазли Балъами идора мекарданд. Дар ин давра барои тахту точ дар байни аъзоёни сулолаи Со­мониён задухурдхои тезу тунд ба вукуъ омаданд, вале зуд бартараф карда шуданд. Дар замони Наср ибнм Ахмад дар Хуросон ва Мовароуннахр ха­ракати шиахо авч гирифта нуфузи оихо чунон пурзур мегардад, ки хатто худи Наср ибни Ахмад мазхаби шиаро кабул кард. Рухониёни суниии дав­лати Сомониён аз ин кори Наср ибни Ахмад норози шуда, бар зидди у суикасд карданд, аммо Наср ибни Ахмад онро ошкор сохт. Бо ин хама, соли 943 Наср ибни Ахмад аз тахту точ даст кашид ва онро ба писарашНух I вогузошт. Дар за­мони Наср ибни Ахмад давлати Сомониён аз чихати икисоди ва мадани нашъунамо ёфт. У касру бинохои пуршукухи зиёде буньёд кард.

Ад.: Бартольд В. В., Туркестан в эпоху монгольского нашествия, Сочинение, том 1, Москва, 1963; Негматов Н. Н., Госу­дарство Саманидов (Мавераннахр и Хо­расан в IX—X вв.), Душанбе, 1977.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …