Маълумоти охирин
Главная / Биология / Наслдихи хайвонот

Наслдихи хайвонот

Наслдихи хайвонот, насловари, кобилияти насл оварда тавонистани хайвонот, ки ба дар як намуди он хос буда, дар чараёни эволюция пайдо шудааст. Он дар хай­воноти гуногуннасл хар хел мешавад. Хайвоноти яксикла, яъне дар давоми хаёти худ як маротиба наслдиханда, одатан сернасланд; хайвоноти серсикла, ки модинаашон якчанд бор насл медихад, камнасланд. Хайвоноти дарозумр хар бор 1—2-тои (на хар сол) ва хайвоноти кутохумр (хояндагони майда) соле якчанд ма­ротиба ва хар бор то 10—15 бача мезоянд. Наслдихи мувофики синну сол, вобаста ба мавсим ва солхои гуногун, вобаста ба он, ки хайвонот то чи андоза бо хурок таъминанд ва инчунин вобаста ба шароити иклим конунан тагйир меёбад.

Наслдихи ба хар як намуди хайвоноти х о ч а г и и  кишлок хам хос аст, масалан, гов ва модиён асосан хайвонхои яктазо мебошанд (баъзан дугоназоии гов 1— 3%, модиён 1—1,5%, ходисаи аз 3 то 7 гусола зоидани гов ва 4 тойча зоидани модиён низ маълум аст); хук вобаста ба зот ба хисоби миёна хар бор 6—12 (сернаслаш 17—20, баъзан то 30) хукбача, гусфанд мисли буэ 1—2, гусфанди ромонови 2—3 (баъзеаш то 9) барра, харгуш 5—6 (то 18) бача мекунанд; хангоми дар кафас парвариш кардан рубох 4, самур 3, рубохи кутби 11 бача мезояд. Ба­рои афзоиш ба таври максимали истифода бурдани имкониятхои физи­ологии табиии хайвонот яке аз проблемахои асосии чорводори ва шарти хатмии тачдиди харчонибаи ра­ма мебошад.

Хонаги намудан ва тагйир додани шароити зиндагии кисми зиёди хай­воноти хочагии кишлок боиси афзоши кобилияти Наслдихи гардидааст. Сернасли аз насл ба насл гузашта, хамчун аломати мухимми зот бо рохи хостагири ва интихоб инкишоф дода мешавад. Бинобар ин хангоми ба хайвон бахо додан ва барои наслгири интихоб кардани он сернаслиашро ба назар мегиранд. Мухайё намудани шароити оптималии хурокдихи, дуруст нигохдориву истифодаи муътадили хайвон, дуруст парвардани чавона, истифодаи ангезандаи рушд (стимуляторхо), пешгири ва бархам додани касалихо шарти асосии баланд бардоштани кобилиятияти наслдихии хайвоноти хочагии кишлок мебошад.

Адабиёт: Руководство по разведению животных, том 1, Москва, 1963; Кушнер X. Ф., Наследственность сельскохозяйственных животных (с элементами селекции), Москва, 1964.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …