Маълумоти охирин

Наск

Наск (Lens), чинси растанихои яксолаест аз лубиёихо. Пояаш рост ё каме хам, баландиаш 20—55 см. Баргаш майдаи муякдор, гулаш майда, сафед, гулоби ва бунафши ка- будча, 1—3-тои дар бари барг чойгир аст. Наск худ аз худ ва ба воситаи хашарот гардолуд мешавад. Гилофакаш кутохи ромбшакл, ду-се, баъзан як дона дорад. Донаш мудаввари барчаста, андоза ва рангаш дар навъхои гуногун хар хел мешавад. Аз руи хачми донаш Наскро ба Наски мукаррарии калондона (5,5—9 миллиметр) ва майда дона (2—5,5 миллиметр) таксим ме­кунанд. Дар кишвхои бахри Миёназамин, Осиёи Хурд, Закавказия.

Осиёи Миёна 5 намуди Наск мавчуд буда, асосан як намуд Наскии мукарари (L. culinaris) кошта мешавад.  Дар бисёр мамлакатхои Европа, Осиё, Африкаи Шимоли пах шуда, дар СССР чун зироати галладонаю хуроки чорво дар кисми чануби европоию Поволжия ва Осиёи Миёна кишт мешавад. Намуди мазруи Наск ба ду зернамуд ва дар як зернамуд ба хелхои гуногун таксим мешавад. Хелхои зернамуди Наски майдадона дар се гурух: осиёи, европои ва мобаини муттахид мегарданд. Дар Точикистон аз соли 1945 ин чониб Наски «Точики-95»-ро кишт мекунанд. Вобаста ба навъ ва шароити сабзиш даври нашви Наск аз 60 то 115 шаборуз.

Ба хунуки тобовар аст. Тухмаш дар харорати 4—5° Селсия сабзида, наврустааш ба хунукии то —2—3° тоб меорад. Наскро одатан дар шудгори гал­ладонахои хушадор мекоранд. Дар навбати худ Наск чун нитроандуз ба­ров галладона, хусусан гандум пешкишти хуб хам мебошад. Наскро бо усули катории саросар ва катории камбар аввали бахор мекоранд. Нор­маи кишти Наски навъи «точики-95» барои минтакахои чудогонаи рес­публика ин кадар аст (ба хисоби кг/га): дар заминхои лалмии боришоташон миёнаи минтакаи Ленинобод—50 киллограмм; дар заминхои лалмии сербориши минтакахои Хисор ва Кулоб, хочагии галлакории районхон Куйбышев ва Ёвон — 60 киллограмм; дар за­минхои лалмии сербориши минтакаи Гарм — 75 киллограмм.

Тухми Наск ба хи­соби миёна ба чукурии 3—4 сантимето кош­та мешавад. Дони расидаи хушки Наск аз 23 то 32% сафеда, то 60% охор, тo 2,5% равган, аз 2,5 то 5% клет­чатка, витамини В1 ва В2 дорад. Бар­гу пояи сабз, пешбода ва кохи Наскро барои хуроки хайвоноти хочагии кишлок ба кор мебаранд. 100 киллограмм дони Наск кариб баробари 120 вохиди хуроки ва 21 киллограмм протеини хозим аст.

Адабиёт: Леонтьев В. М., Чечевица, Ленинград, 19вв; Жуковой ий П. М., Культур­ные растения и их сородичи. Ленинград, 1971;

КосимовЧ. К., Крейдик Б. М., Невзоров В. В., Зироатхои Точикистон, Душанбе, 1075.

 

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …