Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Насими Саидимомуддин

Насими Саидимомуддин

Насими  Саидимомуддин (такрибан 1369—1417, Халаб), шоири озарбойчони. Аз оилаи дехкон. Ба забонхои озарбойчони, форси ва араби шеър гуфтааст. Тахаллусхои дигараш — «Хошими», «Санд», «Хусайни». Шоир дар мухити ахли хунар ба камол расида, илмхои фикх, мантик, риёзиёт, хайъат ва гайраро омухтааст. Насими шоири озодфикре бу­да, дар ашъораш ба кудрати хиради инсон бовари изхор кардааст ва вахдати вучудро таргиб намудааст. Насими барои лоуболию озодфикриаш ба таъкиби рухониёни мутаассиб ги- рифтор шуда, бо фатвои онхо зиндабазинда пуст канда шуд. Мувофики ахбори муаллифони асархои таърихи ва тазкирнависон Насими ба забонхои озарбойчони, форси ва араби се де­вон доштааст.

Холо танхо девони форси ва озарбойчонии Насими дастраси мухаккикон мебошад. Насими дар газал ва рубои устод буд. Baй ба мукобили зулми феодали ва таассуби дини cap бардошта, дар химояи хирад ва хакикат сухан рондааст. Дар айни замон ашъори у аз охангхои мисти­кии фони будани дуньё холй нест, вале ии охангхо аксаран бо анъанахои гуманистии назми Шарк омезиш ёфтаанд. Баъзе шеърхои Насими дар татаббуи Хофиз гуфта шудаанд. Эчодиёти Насими ба шоирони озарбойчони ва форс-точик таъсир расонидааст.

Нусхахои дастнависи девонхои Насими дар китобхонахои Туркия, Ирок, Су­рия, Миср, Эрон, шахрхои Париж, Лондон, Кембрич, Оксфорд, Боку, Ленинград, Тбилиси, Тошкент мавчуданд. Девони форсии Насими соохои 1850, 1887 дар Истамбул ба табъ расидааст. Соли 1926 кисме аз девони форсии Насими бо чанде аз ашъори туркиаш дар Боку чоп шуд. Комилтарин нашри девони форсии Насими чопи Боку (1972) аст. Ношири он Хамид Мудхммадзода аз дастнависхои нодир, инчунин аз баёну чунгхои зиёде истифода кардааст.

Адабиёт: Ариф М., История азербайд­жанской литературы, Баку, 1971;

Арасли Х., Имомиддин Насимий (хаёти ва ижоди), Тошкент, 1973.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …