Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Насибии Кирмоншохи

Насибии Кирмоншохи

Насибии Кирмоншохи (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 19 эрони. Фаъолияти эчо-диаш дар дарбори Фатхалишохи Кочор (хукмронии 1797—1834) огоз ёфт. У дар ин чо обрую эътибори зиёде дошт ва ба унвони «фахрушшуаро» расида буд. Баъдтар Насибии Кирмоншохи ба Хиндустон сафар карда, дар шахри Лакхнав зиндаги ихтиёр менамояд ва мувофики маълумоти манбаъхои адаби то соли 1844 дар хаёт будааст. Аз Насибии Кирмоншохи девони ашъор, ки аз касоид, газалиёт, тарчеъбандхо, рубоиёт ва китаот таркиб ёфтааст, инчунин бо номи «Лаилй ва Мачнун», «Бахри висол», «Сулаймон ва’ Билкис», «Обу оташ», «Масруфи салотин», «Лолаи бустон» маснавххое то замони мо расидаанд. Насибии Кирмоншохи асосан ба мавзуъкои анъанавии адабиёти классикии форс-точик даст задааст.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …