Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Насагдорж Дашдоржийн

Насагдорж Дашдоржийн

Насагдорж Дашдоржийн (такрибан 17. 11. 1906, Баян-Дэлгэр, аймоки Маркази — 13.7.1937, Улан-Батор), нависандаи мугул. Аъзои Партияи халки-революционии Мугулистов аз соли 1922. Дар СССР (Ленинград, 1925) ва Германия (Берлин, Лейпциг 1926—29) тахсил кардааст. Дар асоси пешрафти бехтарин анъанахои адабиёти милли ва аз худ кардани сарвати адабиёти классикию советии рус ва Европа Насагдорж ба методи реализми сотсмалисти наздик шуд; дар маркази эчодиёти у хаёти маънавии инсон меистад. У яке аз асосгузорони адабиёти муосири мугул буда, асархои манзуми «Ватани ман» (1934), «Чор фасли сол» (1934), шеърхои таргиботи аз силсилаи «Саломати», хикояхои «Ашкхои ла­ма» (1930), «Фарзанди чахони кухна» (1930), минётурахои мансури лирикии «Санами дехоти», драмаи мусикии «Назди се теппа» (1934) ва гайра офарид. Соли 1966 дар РХМ мукофоти адабии ба номи Н. таъсис ёфт. Дар Улан-Батор музеи ёдгории Насагдоржро кушоданд ва хайкали уро гузоштаанд.

Основание: избранное, Москва, 1956.

Адабиёт: Янковская К. Н., жийн Нацагдорж, Москва, 1974.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …