Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «Народная воля»

«Народная воля»

«Народная воля» («Озодии халк»), ташкилоти револютсионию халкчигии ибтидои  солхои 80 асри 19 дар Россия. «Народная  воля» августи 1879 баъди ба «Народная воля» ва «Чёрный передел» чудо шудани «Земля и воля» («Замин ва озоди») таъсис гардид. Муассисони «Народная воля» револютсионерони касби буданд. Ба «Народная воля» Комитети ичроия рохбари мекард, ки ба он А. И. Желябов, А. Д. Михайлов, М. Ф.

Фроленко, Н. А. Морозов ва дигархо дохил буданд. Солхои  1879—83 гуруххои «Народная воля» кариб дар 50 шахр (махсусан дар Украина ва Поволжия) мавчуд буданд. Программаи «Народная воля» даъват намудани Мачлиси муассисон, чори намудани хукуки интихоботи умуми ва намояндагии доимии халк, озодии сухан, вичдон, матбуот, чамъомад ва гайраро дар бар мегирифт. Аъзоёни «Народная воля» зарурати муборизаи сиёсиро зидди мутлакият эътироф карда, нисбат ба халкчиёни солхои 70 кадаме ба пеш гузоштанд. Вале онхо сотсиалистони хаёли буданд, зеро ба воситаи револютсия дехкони ба сотсиализм гузаштани Россияро тарафдори мекарданд. «Народная воля» дар байни хамаи табакахои ахоли агитатсия ва пропагандаи револютсиони мебурд.

Гуруххои халкчиён—«Народная воля» ва «Рабочая газета» мекушиданд, ки гояи муборизаи сиёсиро бар зидди мутлакият оммави гардонанд. Дар тайёри ва гузаронидани шуриш тарафдорони «Народная воля» роли асосиро ба акалияти револютсиони, яъне ба ташкилоти худ нисбат медоданд. Мувофики акидаи онхо оммаи халк дар шуриш бояд роли ёридиханда мебозид. Аъзоёни «Народная воля» муборизаро хамчун суикасд таъбир мекарданд. Бо афзоиш ва шиддат гирифтани муборизаи сиёси аз хама бештар суикасд ахамияти калон пайдо мекард. Аъзоёни «Народная воля» ба Александри II 7 маротиба суикасд карда, нихоят 1 марти 1881 уро куштанд.. Иштирокчиёни суикасд ба катл расиданд. Кушишхои Г. А. Лопатин, П. Ф. Якубович. В. Г. Богораз ва дигар барои эхёи «Народная воля» натичае надод ва фаъолияти «Народная воля» кат гардид.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …