Маълумоти охирин
Главная / Биология / Нармбаданхо

Нармбаданхо

Нармбаданхо, моллюскхо (Mollusca, аз лот. moliuscus— нарм), як навъи хайвонхои бемухраеро гуянд, ки кариб 130 хазор намудро дарбар мегирад. Нармбаданхо ба 7 синф таксим мешаванд: шикампойхо, моноплакофорхо, Нармбаданхои зирехакдор, Нармбаданхои  безирехак, Нармбандхои дутабака, белпойхо ва сарпойхо.

Тахмин мекунанд, ки саравлоди Нармбаданхо кирмдон камаъзон хордор буданд. Нармбаданхои хафриёти аз давраи кембрий маълуманд. Дар ин давра шикампойхо, Нармбаданхои дутабака, сарпойхо ва гайра зиндагй мекарданд. Дар даврахои палеозои ва мезозой бештар сарпойхо пахн шуда буданд. Инкишофи шикампойхо ва Нармбаданхои дутабака аз давраи мезозой cap шудааст. Гуногунии сохти гушмохи ва имконияти мукаррар намудани он бо мурури замон дар гуруххои гуногуни Нармбаданхо, тагйирёбии онхо барои халли масъалахои алохидаи таханвули олами хайвонот ахамияти калон дорад.

Нармбаданхо дар бахрхо, обхои ширин ва дар хушки зиндаги мекунанд. Бадани Нармбаданхо дутарафа симметри буда, аз cap (баъзе намудхои Нармбаданхо ё умуман cap надоранд ва ё cap дошта бошанд хам дуруст шакл нагирифтааст), тана, пойхо ва гушмохи иборат аст. Дар cap сурохии дахон, дар аксари Нармбаданхо бошад инчунин муйлаби хассос ва як чуфт чашм чойгир шудааст. Тана хичобе дорад, ки дар ковокии он галсама (дар Нармбаданхои  хушкигард шуш), узвхои хисси химияви (дар осфоридияхо), таносул, ихроч ва гаира чойгир шудаанд. Баъзе шикампойхо ковокии хичоб надоранд. Дар ин хол хичоб ва гушмохи каму беш тахфиф шудааст.

Сохт, дарачаи инкишоф ва функтсияи пои Нармбаданхо гуногун буда, ба тарзи зиндагии онхо вобаста мебошад. Баъзе Нармбаданхо пой надоранд* Пои шикампойхои шинокунанда (масалан, Нармбаданхои  белпой) ба як ё ду узви шиновари ва пои сарпойхо ба киф, ки инчунин вазифаи узви харакатро ичро мекунад, табдил ёфтааст. Гушмохии баъзе Нармбаданхо  (Нармбаданхои зирехакдор) аз 8 лавхача, гушмохии баъзеи дигарашон (Нармбаданхои дутабака) бошад, аз ду табакаи пахлуи иборат аст; гушмохии Нармбаданхои бокимонда яклухт мебошад. Гушмохи аз намакхои кислотаи карбонат иборат буда, асоси органики дорад ва чун узви мухофизаткунанда ва такягохи хизмат мекунад. Наи руда аз кисмхои пеш, миёна а кафо иборат аст. Кисми пеши наи руда дахону чогхо, халк, гадудхои оби дахон ва сурхрударо, кисми миёна меъдаю чигарро ва кисми кафо рудаи кафоро дар бар мегиранд.

Нармбаданхо ба воситаи ктенидияхо (галсамахои аввалин) нафас мегиранд. Аксари Нармбаданхои чуфт (моноплакофорхо) ва Нармбаданхои зирехакдор бошанд якчанд чуфт ктенидия доранд. Дар аксари шикампойхои оби факат якто ктенидияи чап боки мондааст; Дар Нармбаданхои дутабака бошад, як чуфт ктенидий ба ду чуфт галсама табдил ёфтааст. Дар Нармбаданхое, ки дар хушки зиндаги мекунанд, ба чои галсама шуши хавои (узве, ки аз хисоби ковокии хичоб ба вучуд омадааст) вучуд дорад. Системаи гардиши хуни Нармбаданхо кушод ё кариб сарбаста (дар сарпойхо) мебошад. Дилашон дар халтаи надидили чойгир буда, одатан як кисми ковокии дуюмини бадан (тселом)-ро ; ташкил медидхад. Вай аз меъдачаи дил ва як чуфт пешдил иборат аст; дар аксари шикампойхо факат як пешдили чап мавчуд аст. Моноплакорфорхо ва баъзе сарпойхо дучуфти пешдил доранд. Узвхои ихрочи Нармбаданхо аз як чуфт гурда иборат мебошад;  дар моноплакофорхо вай 5—6 ва дар баъзе сарпойхо (масалан, завракча)  ду  чуфт ва дар аксари шикамнойхо факат якто (гурдаи чап) аст. Системаи асаби моноплакофорхо ва Нармбаданхо зирехакдору безирехак аз камонаки сару ду чуфт танаи шиками ва пахлуи, ки бо бандхои кундаланг бохам пайваст шудаанд, иборат аст; системаи асаби Нармбаданхои бокимонда бошад аз гиреххои чуфт-чуфт бо хатхои рост ва кундаланг бо хам пайвастшуда хосил шудааст. Вазифаи аъзои хисро дар аксари Нармбаданхо муйлабчахои cap, чашмхо ва узвхои мувозанат ичро мекунанд.

Нармбаданхо бо рохи чинси афзоиш мекунанд. Баъзеи онхо чудочинса, дигарашон хунсо мебошанд. Сарпойхо ва аксари шикампойхо даруни ва Нармбаданхои бокимонда беруни бордор мешаванд.

Дар ИТТИХОДИ ШУЪРАВИ намудхои гуногуни Нармбаданхо зиндаги мекунанд. Аз чумла дар фаунаи Точикистон Нармбаданхои хушкигард (кариб 90 намуди шикампойхо аз 36 чинс ва 15 оила) ва Нармбаданхои обхои ширин (48 намуди шикампойхо аз 14 чинс ва 10 оила, 13 намуди Нармбаданхои дутабака аз 7 чинс ва 4 оила) ва Нармбаданхои обхои шуртаъм (аз оилаи Руг- gulidae ва Pyrgohidrobia, синфи шикампойхо) хастанд. Дар байни Нармбаданхо хайвонхои барои одам фоидабахш ва зарарнок бисёранд. Ба Hармбаданхои фоидабахш устритса, калмар, мидия ва гайра мисол шуда метавонавд. Аз баъзе Нармбаданхо садаф, марворид ва дигар ашёи киматбахо мегиранд. Дар дунё хар сол кариб 7,5 млн сентнер Нармбаданхои гуногунро медоранд, ки аз онхо консерва ва дигар махсулоти хуроки тайёр мекунанд. Баъзе Нармбаданхо (масалан, кирми кишти) ба иншооти зериоби ва киши баъзеи дигарашон (масалан, тукумшуллук) ба растанихо зарар мерасонанд. Як катор Нармбаданхо гелминтози одам ва чорворо ба вучуд меоранд. Барои бо Нармбаданхои зараровар мубориза бурдан захрхои химиявии махсус — моллюскотситхоро истифода мекунанд. Тасвир дар сахифахои 96—97.

Ад.: Жадин В. И., Моллюски пресных и солоноватых вод ИТТИХОДИ ШУЪРАВИ, Москва— Ленинград, 1952; Лихарев И. М., Р а м м ел- мей с т е р В. С., Наземные моллюски фауны ИТТИХОДИ ШУЪРАВИ. Москва—Ленинград , 1952; Изатуллоев 3., Материалы к изучению наземных моллюсков Гиссарского хребта и сопределных районов Таджикистана, «Изв. АН Таджикской ССР», отдел биологических наук, 1970, №2; Викторов Д. П. и другие Биология: Учебное пособие для слушателей подготовителных отделений вузов, Москва, 1981.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …