Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Нармадшанкар Лалшавкар Даве

Нармадшанкар Лалшавкар Даве

Н а р м а д, Лалшавкар Даве (24. 8. 1833, Сурат— 26. 2. 1886, Бамбай), нависанда, ходими чамъияти, маорифпарвари хинду. Ба забони гучароти эчод кардааст. Хамрохи нависандаи Хиндустон Далпатрам (1820—98) ба адабиёти хозиразамони гучароти асос гузоштааст. Нармадшанкар тарафдори ислодоти ичтимои, баробархукукии занон буда, хиндухо ва мусулмононро ба ягонаги даъват мекард. Эчодиёти Нармадшанкар саршор аз охангхои ватандусти, гояхои озодихохии миллист. Достоин у «Голиб бош, Гучароти диловар!» суруди миллии Гучарот гардидааст.

Дар лирикаи Нармадшанкар образхои анъанавии  адабиёти асри миёнаги дида намешаванд. Зери таъсири достонхои «Фаслхои сол»-и Калидаса ва «Хикоят дар бораи фаслхои сол»-и Ч. Томсон с. 1861 Нармадшанкар достоин «Хикоят дар бораи фаслдои сол»-ро эчод кард, ки дар он зебоихои табиати Гучарот васф шудааст. Мавзуъхои замонавиро ба драматургия дохил кард. Аввалин асари насри дар адабиёти ондавраи гучароти «Бартарии ташкилот» (1851), жанрхои нави тарчумаи хол, очерк, маколахои танкиди ба Нармадшанкар тааллук доранд. Оид ба назарияи назми хинди асархо навиштааст. «Фарханги Нармад» (1864—70) нахустин фарханги забони гучароти мебошад, ки Нармадшанкар тартиб додааст.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …