Маълумоти охирин
Главная / Илм / Наркоз

Наркоз

Наркоз (аз юн. narkosis — бехис шудан, карахтшави), хоби бо рохи сунъи барангехтаест, ки кас пурра ё кисман бехуш гашта, дардро хис намекунад. Наркозро хангоми чаррохи барои рафъи дард (анестезия) истифода мебаранд. Наркоз ингалятсиони, гайриингалятсиони ва омехта мешавад. Хангоми  Наркози ингалятсиони эфир, хлороформ, хлорэтил, оксиди нитрогон (I), тсиклопропан, фторотан ва дигар моддахои наркозиро ба воситаи никоб (маска) нафас мекашонанд (ингалятсия мекунанд) ё омехтаи моддахои наркози (буги моддахои наркози) ва газдоро ба воситаи аппарати Наркози ба шуш мефиристонанд. Дар вакти Наркози гайриингалятсиони моеи наркози (масалан, барбитуратхо, дроперидол, фентанил ва гайра)-ро ба вена, рудаи рост, байни мушакхо ё ба зери пуст мефиристанд ё менушонанд.

Наркози омехта (комбинатсиони) дар натичаи истифодаи моддадои гуногуни наркози ва усулхои паихам фиристодани онхо ба амал бароварда мешавад. Дар электроанестезия аппарати Наркозии истехсоли ИТТИХОДИ ШУЪРАВИ НЭИП-1-ро истифода мебаранд. Бо ин усул ба майнаи cap бо чараёни электики таъсир расонда, беморро бехуш мекунанд. Афзалияти чунии усули рафъи дард дар он аст, ки бемор зуд аз хуш рафта, тез ба худ меояд ва узвхои даруни осеб намебинанд.

Ад.: Дарбинян Т. М., Бол и. обезболивание (новый способ наркоза), М., 1067; Руководство по анестезиологии, М., 1073; Трещинский А. И. и др. Наркоз в амбулаторных условиях, Киев, 1078.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …