Главная / Биология / Нардсунбул

Нардсунбул

Нардсунбул сунбули руми, валериана (Valeriana), чинси гиёххои бисёрсолаест аз оилаи нардсунбулхо. Барги яклухту сетои 6 парра-парра чока, гули майдаи кифшакли сафед ё гулобй дорад. Зиёда ап 200 намудаш асосан дар куххои Анди Америкаи Чануби ва Евросиё пахн шудааст. Дар ИТТИХОДИ ШУЪРАВИ кариб 30 намуди Нардсунбул месабзад. Дар байни онхо  бештар Нардсунбули д о р у и (officinalis) дар тамоми худуди ИТТИХОДИ ШУЪРАВИ (ба гайр аэ нохияхои Шимоли Дур ва биёбонхо) меруяд.

Реша ва решапояи Нардсунбул равгани эфир, кислотахои валериан, сирко, формиат, алкалоидхои валерии ва хатинин, моддахои даббоги, канд ва гайра дорад. Киём, шарбати спирти ва эфирии Нардсунбулро чун моддаи  таскиндиханда (хангоми неврози системаи дилу par, ихтилоли медаву руда, бедорхоби  ва гайра) истифода мебаранд. Дар Украина, Поволжи- яи Миёна, кишвари Краснодар ва баъзе нохияхои дигар. Нардсунбули худруйро мегундоранд. Дар Белоруссия, вилоятхои Воронеж, Москва, Новосибирск ва Киров бошад, Нардсунбулро кишт карда аз хар га аз 5 то 25 и решапояи хушк ва кариб 2 тс тухм мегиранд.

Дар Точикистон 4 намуди Нардсунбул (V. chionophila, V. ficariifoli&, V. dubia ва V. fedlschenkoi) дар сояю байни харсангхо, нишеби ва даруни дарахо, буттазор ва гайра меруянд. V. fi- cariifolia (нигаред расм) ва V. dubia гиёххоб доруи мебошанд.

Ад.: Ворошилов В. Н., Лекарственная валериана, М. 1959; Комаров В. М., Определитель растений Северного Таджикистана, Д., 1967.

Дар борамон

Инчунин кобед

lolaarusak

Лолаарусак

ЛОЛААРУСАК (Раpaver rhoeas), як навъ гиёхи яксола. Пояаш (дарозиаш 5—40 см) хамида ва муякхои дурушт …