Маълумоти охирин
Главная / Биология / Намуди организмхо

Намуди организмхо

Намуд (species), яке аз вохидхои асосии структуриест дар таснифи организмхои зинда, ки давраи сифатии тахаввули онхоро ифода мекунад. Аз ин ру як чузъи асоси дар таснифоти хайвонот, наботот ва микроорганизмхо мебошад. Дар ха­маи организмхое, ки бо рохи чинси (дутарафа бордоршави) афзоиш ме­кунанд (ба ин гуна организмхо ка­риб хамаи хайвонот, як кисми набо­тот ва як катор микроорганизмхо мансубанд) Намуд мачмуи популятсияи фардхои кобили насл мебошад. Ба туфайли ин онхо популятсияхои на­ви гибрид хосил менамоянд ва ин популятсияхо дар байни шаклхои махаллие, ки дар худуди  муайян маскунанд ва як катор хусусиятхои морфофизиологи доранд, мавкеи мобайниро ишгол мекунанд.

Бисёр чамъ шудани маълумот оид ба гуногунии хайвонот ва наботот дар охири асри 17 ба тасаввуроте овард, ки Намуд гурухи фардхои чун аъзохои як оила ба хамдигар монанд буда, аз дигар гурухи фардхо бо баъзе хусусиятхои худ фарк мекунанд. Масалан., гург, рубох, зог, зогча, булут, гандум, чав, ва гайра намуд хисоб мешуд. Бо суръат афзудани шумораи номгуи Намуд зарурият пайдо кард, ки барои ба тартиб даровардани шаклхои гуногуни хайвоноту наботот таснифоте кабул карда шавад. Дар халли ин масъала табиатшиноси швед К. Линней сахми босазое гузошт. У дар асари худ «Системаи табиат» (pycи, 1735) Намудххои бо хам монандро ба чинс ва чинсхои монандро ба катору синфхо чудо кард. Барои ифода кардани Намуд вай номенкулатураи дунома (номенкулатураи бинари)-ро чори намуд, ки мувофики он хар як Намуд аввал бо но­ми лотинии чинс ва сипас бо номи лотинии намуд ишора карда меша­вад.

Масалан, «одами боакл» — Homo sa­piens. Oxири асри 19 таснифоти К. Линнейро аксари биологхои дунё кабул намуданд. Нимаи якуми асри 19 олими франсави Ж. Кюве мафхумеро оид ба сохти навъхо кор карда баромад, ки сипас «навъ» чун чузъи олии таснифот ба таснифоти К. Линней дохил карда шуд. Худи хамон вактхо тасаввурот дар бораи тагйирпазирии Намуд дар рафти инкишофи организмхо низ ба миён омад. Дар халли ин масъала назарияи эволютсионии Чарлз Дарвин (нигаред Дарвинизм), ки хангоми тартиб додани системаи филогенезии табии хатман ба назар гирифтани алокаи генетикии, организмхои зиндаро таргиб менамуд, макоми калон бозид. Зиёд шудани шумораи Намуд ва зернамудхои хайвонот, наботот ва микроорганизмхо аз як тараф, ба «таксим шудани» Намуд (яъне чун Намуд тасвир намудани хар як шакли махалли) ва аз тарафи дигар ба «калон шудани» Намуд (яъне чун Намуд тасвир кардани гурухи организмхое, ки хусусияти хеши доранд) оварда расонд. Дар натича дар таснифоти организмхо мафхуми Намуди «хурд»-жорданонхо (аз номи бо­таники франсави А. Жордан) ва Намуди «калон»—лнннеонхо (аз номи Линней) ба вучуд омад. Давраи классикии таснифоти организмхо бо тадкикоти табиатшиноси рус А. П. Семёнов-Тян-Шанский, ки линнеонхоро чун асос кабул намуда, категорияхои гуногуни аз Намуд поён (зернамуд, морфа, аберратсия)-ро дуруст муай­ян кард, ба итмом расид.

Дар айни замон барои муайян кардани мафхуми Намуд тамоман аз хамдигар дур шудани намудхо дар шароити табии ахамияти калон дорад (баъзе намудхое, ки аз хамдигар дуранд, дар шароити табии дурага шуда наметавонанд, вале дар шароити сунъи бошад, онхоро бо Намудхои дигар дурага кардан мумкин аст). Аз руи муносибат нисбат ба макон Намудхо аллопатри (худуди гуногунро ишголкунанда) ва симпатри (ареа­лашон якхела) мешаванд. Аллопат­ри ва симпатри будани Намуд аксар ба шароити ба вучуд омадан ва кадом шакли чудои — территорияви ё био­логи доштани онхо, ки хангоми пайдоиши намуди мазкур макоми асосиро бозидааст, вобаста мебошад.

Тадкикот мукаррар кард, ки аксари Намудхо полтипианд, яъне якчанд зернамудро дар бар мегиранд. Дарачаи политипии Намудхо бо зиёд шудани ареал меафзояд. Вай инчунин ба гуногунии шароити физикию геогра­фии ягон кисми алочкхидаи худуд во­баста аст. Хусусан Намудхо — дугоникхо, ки аз руи хусусиятхои морфоло­ги фарк карданашон душвор аст ва одатан дар нохияхои наздики хамхудуд дучор мешаванд, чолиби диккатанд. Ингуна Намудхо эхтимол дар натичаи ба вучуд омадани яке аз аввалин шаклхои чудоии биологи пай- до шудаанд. Ин мафхуми хозираи Намуд барои организмхое, ки танхо бо рохи гайричинси афзоиш мекунанд, мувофик намеояд. Бинобар ин дар чунин холатхо гуруххои бо хамдигар монандро, ки аз руи хусусиятхои морфофизиологи наздиканд ва дар як ареали муайян маскунанд, шартан Намуд меноманд.

Адабиёт:       Семёнов-Тян-Шанский А. П., Таксономические границы вида и его подразделений, «Зап. Императорской АН», 1910, том. 25, №1; Дарвин Чарлз, Происхождение видов путем естествен­ного отбора…, Сочинение, том 3, Москва— Ленинград, 1939;

Вавилов Н. И., Линнеевский вид как система, избранное произведение. Том1, Л.енинград 1967; За­вадский К. jM., Вид и видообразова­ние, Ленинград 1968; Тимофеев Ресовский  Н. В. (ва дигар). Краткий очерк теории эволюции, Москва 1969.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …