Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / Намозгох

Намозгох

Намозгох масчидест, ки дар он рузхои иди курбон ва рамазон намоз мехонданд. Азбаски дар рузхои иди дини масчидхои шахр хамаи намозхононро гунчоида наметавонист, дар беруни шахр Намозгох сохта мешуд. Намозгох ба тарзи анъанави бино ёфта, бештар дар пеши девори мехроб пешайван ва суфача сохта ме­шуд. Баъзе масчидхои Намозгох аз чихати санъати меъмори чолибанд.

Намозгохи Бухоро, дар кисми чануби шахр, дар чои кароргохи тобистонаи сулолаи Карохониён соли 1119 бино ёфтааст. Бинои масчид аз хишти пухта буда, атрофаш бо девори баланд ихота гардида буд. Минбари баланд ва мехроби зебое дошт. Кандакории нафиси мехроб комилан боди мондааст. Дар асри 14 масчид таъмир шуда, бо кошихои рангоранг зинат ёфт. Нимаи дуюми асри 16 хангоми таъмир ва тармими масчид ба он пешайвони сетокдор илова гардид. Дар пеши масчид пештоки баланду пуршукух, дар пахлухояш дархои токдор ва дар болояш гунбаз сохта шудааст. Намозгох чоркунча буда, аз се хонаи асоси иборат аст. Хонахо бо хам пайваст буда, ба хо­наи асоси тавассути пештоки ба­ланд, ба хонахои пахлуи аз даромадгохи токдор медаромаданд. Пешток бо накшхои хандаси, гиреххо ва бо оятхои Куръон ороиш ёфтааст. Дар масчид аиъанахои хоси меъмории асрхоои 12—16 Бухоро ифода гардидааст.

Намозгохи Самарканд, дар беруни шахр соли 1630 аз тарафи ман- сабдори Бухоро Нодир Девонбеги бино ёфтааст. Аз хишти пухтаи суфта сохта шуда, танхо аз пешток ва як хонаи гунбазпуш иборат аст, се тарафи он кушода буда, дар дохилаш мехроб чой гирифтааст. Айвонхои пеши бино ру ба майдони хеле васеъ сохта шудаанд. Майдон бо девори паст ихота шудааст. Тархи масчид одди буда, танхо пешток ва пойгунбазхои он кошикори шудааст.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …