Маълумоти охирин

Намоз

Намоз ( дуо, ибодат), яке аз рукнхои асосии ислом (нигаред Аркони дин), салоти харрузаю панчвакта (Намози бомдод, Намози пешин, Намози аср, Намози шом, Намози хуфтан).

Факехони ислом ба ин рукн ахамияти калон дода, Намозро фармоиши Худо ва аз ин чихат ба чо овардани онро хам фарзу хам суннат мешуморанд.  Хангоми намозхони мусулмон бояд аз вокеоту зухуроти олам capфи назар кунад ва тамоми фикру зикри худро ба Худованд, ба «олами улви» ё охират банд намояд. Вайрон кардани ин коида ба Намози «гайрихак» оварда мерасонад.

Маънои асосии Намоз аз арзи хочату ниёз ва мадху санои аллох иборат аст; одатан сураи 1, оятхо аз сурахои 103, 108, 112, 114-н Куръон хон­да мешаванд. Бино ба таълимоти ислом Намоз бояд баъди ният ба забони араби хонда шавад.

Намозхои баъди анчоми тахорат ё вузуъ (шустушуи дасту рую пой) ру ба кибла (Макка) ба болои чойнамоз истода, хангоми хондани Намоз харакатхои гуногунро ба чо меоварад (дастонашро ба таври махсус нигох медорад, хам мешавад) (рукуъ), cачда мекунад (сучуд), мешинад ва дигар харакатхоро анчом медихад.

Мачмуи холатхои намозхонро ракъат гуянд, ки хар Намоз аз 2 то 4 ракъат иборат аст. Маъмулан ба Намоз мусулмононро муаззин бо азони худ даъват мекунад. Намози пешини рузи чумъа (Намози одина)-ро дар масчид хондан маъмул аст. Одатан дар Намози чумъа имоми чумъаи масчид ду xyтба бояд бихонад. Хутбахои мазкур чузъи таркибии Намози чумъа ба шумор меравад.

Гайр аз Намози фарзи панчвакта як катор Намози иловаги низ дар ислом расм шудаасг:

  1. Намози истиско (Намоз, ки дар хушксоли мехонанд ва мурод аз он талабидани борон аст),
  2. Намози шукрона (Намозе, ки ба шукронаи хосил шудани муроде ва дафъ кардани тахлукае мехо­нанд),
  3. Намози казо (Намозе, ки пас аз гузаштани вакташ хонда мешавад),
  4. Намози фитр (рузи иди рамазон хонда мешавад),
  5. Намози чаноза (Намозе, ки пас аз гусли мурда дар сари тобути у хонда мешавад),
  6. Намоз широк (Намози гайри панчвакти аст, ки онро пас аз баромадани офтоб мехонанд),
  7. Намози тахаччуд (Намози гайри панчвакти аст, ки онро пеш аз субх мехонанд).

Рухониёни ислом бурду бохти зиндагиро тавассути Намоз ба худо пайвастани мешаванд. Хомиёну хомилони исломи хозира бо максади замона- сози Намозро навъе аз тарбияи бадан ва тахоратро чузъе аз гигиена таъбир мекунанд.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …