Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Намоишгохи комёбихои хочагии халки РСС Точикистон

Намоишгохи комёбихои хочагии халки РСС Точикистон

Намоишгохи комёбихои хочагии халки РСС Точикистон, НКХХ РСС Точикистон, намоишгохи доимии комёбихои хочагии халк, ки 6 декабри 1967 дар шахри Ду­шанбе таъсис ёфтааст. Аввалин намоиши он ба 50-солагии Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр бахшида шуда буд. Ба кори намоишгох Комитети намоишгох, ки сардори он чонишини район Совети Вазирони РСС Точикистон мебошад, рохбари мекунад. Вазифаи асосии Намоишгох ба таври васеъ намоиш додану фаъолона пропаганда кардани комёби­хои иктисодиёт, илму маданият ва тачрибаи пешкдам аст. Дар намоишгох корхонахои пешкдами саноат, сохтмон, колхозу совхозхо, муассисахои мадани, нигахдории тандурусти ва гайра, ки натичахои бехтарин ба дастовардаавд, инчунин коркунони алохидаи саноат, хочагии кишлок ва гайра иштирок менамоянд. Экспонатхои бехтарин бо дипломхо мукофотонида мешаванд. Худуди Намоишгох 98 га буда, дар кисми шимолу гарби Душанбе чой гирифта аст.

Объекти асосии амалкунандаи Намоишгох (1 январи 1979) инхоанд: павилён и асоси (майдони намоишгохаш 3600 м2), ки толори умуми ва шуъ- бахои сохавиро дар бар мегирад; павилёни намойши тем тики (700 м2), ки дар он намоиш­хои тематики ташкил мекунанд ва намоиши мамлакатхои хоричиро мегузаронанд; кинолектория, ки 500 чой дорад ва барои гузаронидани семинархо, конференсияхои илми, машваратхо ва мубодилаи тачриба, инчунин барои нишон додани илмхои илмиву оммави ва хуччати истифода мешавад.

Соли 1977 дар назди Намоишгох «Лавхаи фахри»-и республикави кушода шуд. Хар сол дар он голибони мусобикаи сотсиалистии республикавиро кайд мекунанд. Соли 1982 (аз руи чамъбасти корхои 1981) ба «Лавхаи фахри» 53 коллективу 89 нафар пешкадамони истехсолот чой ва комёбихои онхо васеъ намоиш дода шуд. Комитети Намоишгохи комёбихои хочагии халки РСС Точикистон  Н. соле 80 коллектив ва 352 нафар пешкадамони истехсолотро бо дип­ломхо сарфароз мегардонад. Хар сол Намоишгохро ба хисоби миёна зиёда аз 220 хазор нафар одамон тамошо мекунанд; кариб 5 хазор нафар мехмонони хоричи бо комёбихои хочагии халки респуб­лика шинос мешаванд.

Намоишгох бо Намоишгохи комёбихои хо­чагии халки ИТТИХОДИ ШУЪРАВИ ва дигар республи- кахои бародари оид ба мубодилаи тачриба ва ташкили намоиши сайёр доир ба проблемахои мухими хоча­гии халк алокаи зич дорад.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …