Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Намии хаво

Намии хаво

Намии хаво, микдори буги об дар хавост; яке аз характеристикаи мухими обу хаво ва иклим аст. Намии хаво дар рафти чараёни баъзе просесс- хои технологи, табобати як катор беморихо, махфуз доштани асархои санъати тасвири, китоб ва гайра аз омилхои мухим хисоб меёбад. Характеристикахои Намии хаво инхоанд: 1) чандири (ё фишори партсиал)-и буги об (е), ки бо Н/м2 (мм сут• симоб ё мб) ифода меёбад; 2) намии мутлак а — Микдори буги об ба хисоби г/м3; 3) намип хос q — микдори бу­ги оби 1 кг хавои нам ба хисоби г; 4) нисбати гаш w, ки бо микдори буги об (бо г-хо) дар 1 кг хавои хушк муайян карда мешавад; 5) на­мии нисби r— нисбати чандирии буги оби хаво (е) бар хадди чанди­ри Е; 6) норасоии нами d — фарки байни хадди чандири ва чандирии аслии буги об дар хамон як харорат ва фишор; 7) нуктаи шабнам.

Намии хавои атмосфераи Замин дар фосилаи васеъ тагйир меёбад. Масалан, дар наздикии сатхи Замин микдори буги об дар хаво (аз руи хачм) ба хи­соби миёна аз 0,2% (дар арзхои боло) то ба 2,5% (дар минтакахои тропики) тагйир меёбад. Чандирии буг е дар арзхои кутби айёми зимистон аз 1 мб (баъзан хамаги садяки мб), айёми тобистон аз 5 мб камтар аст; дар минтакахои тропики бошад он то 30 мб ва аз ин хам зиёд мешавад. Дар биёбонхои субтропики е то ба 5—10 мб (1 мб = 102 11/м2) мерасад. Намии нисби дар минтакахои экватори (миёнаи солона 85% ва зиёда аз ин), дар арзхои кутби ва ай­ёми зимистон дар сатхи хушкихои арзхои миёна хеле зиёд мебошад. Айёми тобистон намии нисбии минтакахое, ки дар онхо бодхои муссони мовазанд, хеле зиёд аст (масалан, дар Хиндустон 75—80%). Дар биёбонхои субтропики ва айёми зимистон дар минтакахои муссони киматхои хурди r мушохида мешаванд (то 50% ва аз ин хам кам). Бо зиёд шудани баланди г, а ва  q ниp бо суръат кам мешаваyд. Дар баландии 1,5—2 км чандирии буг нисбат ба кимати он дар сатхи Замин ба хисоби миёна ду баробар кам аст. Тро­посфера кариб 99% буги оби атмосфераро дар бар мегирад. Дар хавои болои хар як м2 сатхи Замин ба хисоби миёна 28,5 кг буги об мавчуд аст.

Тагйироти шаборузии чандирии буг дар болои укёнусхо ва нохияхои наздибахри мутаносибан бо тагйири шаборузии харорати хаво ба амал меояд: намии хаво рузона бо афзудани бухоршави зиёд мешавад. Тагйироти солонаи чандирии буги об низ мувофикан бо тагйири соло­наи харорати хаво ба амал меояд. Аммо тагйироти шаборузи ва соло­наи намии нисби ба тагйироти ша­борузи ва солонаи харорат чаппа мутаносиб аст. Намии хаворо ба гигрометр ва психометрхо чен мекунанд.

Намии хаво ба просесси мубодилаи гармии организм ва мухит таъсири калон дорад, аз ин ру барои хаётгузаронии инсон хеле мухим мебошад. Хангоми паст будани харорат ва зиёд будани Намии хаво ихрочи гарми аз орга­низм зиёд ва харорати бадани инсон паст мешавад; хангоми баланд бу- дани харорат ва зиёд будани Намии хаво их­рочи гарми якбора кам шуда, боиси баланд шудани харорати бадан (махсусан хангоми ичрои корхои чисмо- ни) мегардад. Хангоми кам будани Намии хаво организм ба харорати баланд хубтар тоб меорад. Дар шароитхои иклими муътадил 40-60% будани намии нисбии хаво барои инсон шароити хубтарин аст. Барои бартараф кардани таъсири номатлуби Намии хаво вентилятсия, кондитсиониронии ха­во ва гайраро истифода мебаранд.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.