Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Намибия

Намибия

Намибия (Namibia; то 1968— Африкаи Чанубу Гарби), мамлакатест дар Африкаи Чануби, ки онро РАЧ зуран ишгол кардааст. Масохаташ 824,3 хазор км2. Ахолиаш 1200 хазор нафар (1977). Маркази маъмуриаш— Винд­хук (65 хазор нафар) Забонхои расми- африкаанс ва англиси. Намибияро маъму- ре, ки президенти РАЧ таин менамояд, идора мекунад. Намибия бар хилофи карори Ассамблеяи Генералии ТДМ аз соли 1966, ки ваколати РАЧ-ро ба идоракунии ин территория бекор карда буд, то хол дар тахти юрисдиксияи РАЧ мебошад. Бар хилофи карори Ассамблеяи Генералии ТДМ июли 1980 ба ном Совети Вазирон ва ноябри 1980 ба ном Ассамблеяи конунбарор интихоб шуд, ки гуё яке органи конунбарор ва дигаре органи ичроия мебошад. Шуъбахои махаллии партияхои РАЧ—Партияи милли ва Партияи муттахида манфиатхои европоихоро ифода менамоянд. Ба харакати милли-озодихохонаи ахо­лии мухимии Намибия Ташкилоти халкии Африкаи Чанубу Гарби (таъсисаш 1958) рохбари мекунад.

Табиат. Сохилхоии Намибия рост буда, ду халич— бандаргохи табии—Уолфиш- Бей ва Людеритс дорад. Кисми зиёди территорияро пахнкух (баландиаш 900— 1500 м) ишгол кардааст, ки он ба тарафи дохили материк ва ба тарафи хамвории теппадори назди сохил зина-зина паст мешавад. Нукдаи баландтарин — кухи Бранденберг (2600 м). Сарватхои зеризаминии Намибия: мис, сурб, рух, ванадий, германий, кад­мий, манган, калъаги, волфрам, ли­тий, бериллий, алмос. Иклимаш тро­пики, нихоят хушк. Харорати миёнаи мохи гармтарин (январ) то 27° С, мохи хунуктарин (июл) то 12° С.  Бо­ришоти солона дар нохияхои сохили укёнус 10—50 мм, дар интихои шимолу шарки 500—700 мм. Дарёхои калон: Норанчи ва Кунене. Хоки замини Намибия асосан биёбонии тропики ва бури сурхтоби саваннаги. Набототи биёбони Намибия хеле сирак, асосан аз суккулентхо иборат. Пахнкухро буттахои ксерофити ва буттахои хушадор пушидаанд. Нохияхои нисбатан баландро саваннахои нимбиёбони ва саваннахои биёбони ва сохилхои дарёхоро саваннахои дарахтзорхо фаро гирифтаанд. Хояндахои махалли (дарознул, курмуш, чандин зоти харгуш), хашаротхурхо, аз хайвонот антилопа, аз хайвоноти дарранда ви­верра, кафтор мавчуданд. Дар мамнуъгохи калонтарин Этоша-Пан зеб­ра, фил, заррофа, шутурмург, шер, юз, даххо намуди парранда ва гайра нихол; дошта мешаванд.

Ахоли. Зиёда аэ 80%-и ахоли африкоихо. Халкхои оилаи бантузабон—овамбо, гереро, инчунин готтентотхо дамараи кухистони, бушменхо ва дигарон зиндаги мекунанд. Европоихо 11,6%’ ахолии Найробияро ташкил медиханд. Аксарияти диндорон — насрониён (асосан протестант), бокимонда ба дину оини махалли эътикод доранд. Шахрхои калон: Винд­хук, Уолфиш-Бей, Гротфонтейн, Людеритс.

Очерки таърихи. Одам дар территорияи Намибия хануз дар аввали давраи палео­лит маскан гирифта буд. Европоиён (португалихо) бори нахуст ба ин сарзамин дар асри 15 пайдо шуданд. Дар чоряки сеюми асри 19 байни Анг­лия ва Германия барои Намибия мубориза cap шуд. Соли 1884 Германия территорияи Намибияро бо номи Африкаи Чанубу Гарбии Германия (АЧГ) мулки худ эълон кард. Мустамликадорон аз низоъу задухурдхои байни сардорони кабилахои махалли истифода карда, хокимияти худро ба онхо бор карданд. Чанд нафар Сардорони кабилахои готтентотхо, ки Хендрик Витбой бо нуфузтарини онхо буд, ба мустамли­кадорон сахт мукобилат нишон доданд. Соли 1894 дастаи Витбой шикаст хурд. Соли 1896 кабилахои мбандеру ва коуа, 1904—1907 готтентотхо ва гереро шуриш бардоштанд. Соли 1915 дар рафти Чанги Якуми Чахони (1914—1918) AЧГ-po кушунхои Иттифоки Афри­каи Чануби (ИАТС) ишгол карданд. Соли 1920 ИАЧ барои идора кардани Намибия аз Лигаи миллатхо ваколат гирифт. Тартиботи нажодпарастии ИАЧ дар ин территория хам чори карда шуд. Баъди Чанги дуюмн чахони (1939—1945), тамоми территорияи ваколати ба системаи байналхалкии васояти ТДМ гузаро- нида шуд, ИАЧ (аз 1961 РАЧ) аз додани АЧГ ба васояти ТДМ саркаши кард ва соли 1949 конуне чабул намуд, ки дар асоси он территория ба музофоти ИАЧ табдил ёфт. Аз соли 1946 cap карда масъалаи AЧГ дар органхои гуногуни ТДМ мухокима мешавад. Соли 1966 Ассамблсяи Генерали дар бораи ба худмуайянкуни ва истиклолият хукук, доштани халки AЧГ ре­золютсия кабул кард, ваколати РАЧ- ро ба идоракупии AЧГ бекор намуд ва эълон кард, ки минбаъд идоракунии ин территория ба ихтиёрп ТДМ мегузарад. Барои идоракунии территория соли 1967 Совети махсуси ТДМ ташкил ва комиссари ТДМ таин шуд. Июни 1968 Ассамолеян Генералии ТДМ хохиши халки AЧГ-po ба назар шриф­та дар бобати ба AЧГ додани номи Намибия карор кабул кард ва аъзоёни ТДМ-ро даъват иамуд, ки ба ва­тандустони Намибия дар муборизаи онхо бахри истиклолият ёри расонанд. ИТТИХОДИ ШУЪРАВИ барои фавран ба халки Намибия додани озоди, нисбат ба РАЧ ба кор бурданп тадбирхои сиёси, иктисоди ва харби борхо баромад кард, хукумати РАЧ то хол карорхои ТДМ-ро ба эътибор намегирад. Хукумат сиёсати нажодпарастиро гузаронда, халкхои мамлакатро аз хам чудо карда, онхоро мачбуран дар махалхои алохида нигох медорад. Халки мамлакат ба мукобили чунин сиёсат, бахри озодии милли мубориза мебарад. Баъди Чанги дуюми чахони аввалин ташкилотхои сиёсии аф­рикоихо ташкил шудатсд. Аз солхои 60 дар Намибия бар зидди тартиботи на- жодпарастонаи РАЧ муборизаи ярокнок cap шуд, ки ба он ташкилоти халкии Африка и Чанубу Гарби (СВАПО) рохбари мекунад. Мохи декабри 1971 — марти 1972 калонтарин дар таърихи Намибия корпартоии африкоиён шуда гузашт.

Нажодпарастони РАЧ резолютсияи Совети Амнияти ТДМ (декабри 1974), ки озод кардани территорияи гайриконуни ишголкардаи Намибияро талаб мекард, ба эътибор нагирифтанд. Онхо инчунин ба резолютсияи Совети Амнияти ТДМ (январи 1976) риоя дакарданд. Ре­золютсияи мазкур то 31 августи 1976 аз Намибия баровардани куввахои мусаллахи Африкаи Чануби ва дар он чо зери назорати ТДМ гузаронидани интихоботи озодонаро пешбини мекард.

Соли 1977 рохбарияти Ташкилоти халкии Африкаи Чанубу Гарби изхор намуд, ки тайёр аст бо иштироки намояндагони ТДМ бо хукумати РАЧ дар бораи ба СВАПО додани хокимият гуфтушунид гузаронад, ба шарте, ки тамоми кушунхои Африкаи Чануби аз Намибия бароварда, махбусони сиёсии дар зиндонхои РАЧ хобида озод ва сохибихтиёри ва бутунии территория Намибия эътироф карда шавад. Соли 1977амалиёти чангии СВАПО ба му- кобили куввахои ишголии РАЧ хеле фаъол гардид.

Сарфи назар аз эътирозхои сершумори мамлакатхои аъзои ТДМ ва СВАПО хукуматдорони нажодпарасти РАЧ бандари Уолфиш-Бей, инчу-

нин территорияхои атрофи онро дар масохати 969 км2 ва 13 чаз-ро зуран забт намуда, онхоро ба маъмурияти Аф­рикаи Чануби тобеъ кунонданд.

Партияи сиёси ва иттифокхои касаба. Ташкилоти х а л к и и Аф­рикаи Чанубу Гарби (South West Africa Peoples Organization, СВАПО, таъсисаш 1958), ба муборизаи халки Намибия бахри озоди аз мустам- ликадорони Африкаи Чануби рохба­ри мекунад. Иттифоки миллии Африкаи Чанубу Гарби (South West Africa National Union, СВАНУ, таъсисаш 1959). Kopгарони сафедпуст ба шуъбахои махаллии иттифокхои касабаи РАЧ дохиланд. Ба африкоихо ташкил кардани иттифокхои касаба манъ карда шудааст.

Хочаги. Намибия мамлакатест, ки аз чихати иктисоди суст таракки кардааст. Саноати коркарди маъдан тахти назорати капитали хоричи мебошад. Дар хочагии кишлок парвариши гусфандонн карокули ахамияти калон дорад. Соли 1978 мамлакат 2,8 млн cap гов, 4,6 млн гусфанд, 1,8 млн буз дошт. Ширкатхои ШМА, Англия, РАЧ конхои бои алмос, сурб, рух, маъдани мар- ганетсро пурра ба дасти худ гирифтаанд. Тсумеб-Грот-фонтейн маркази саноати истихрочи маъдани кухи мебошад; дар ин чо заводхои мис па сурбгудози вокеанд. Саноати махсулотбарори суст таракки кардааст, аз заводхои консерви мохи, пиво, таъмири  кишти, устохонахои таъмири ав- томобил ва гайра иборат аст. Дар хочагии кишлок асосан чуворимакка, чойчувори, гандум, сабзавот кишт мешавад. Мохигири таракки кардааст. Тули рохи охан 2607 км, дарозии роххои сангфарш 2772 км. (1978). Бандархои бахри: Уолфиш-Бей ва Людеритс. Намибия бо РАЧ алокаи хавои дорад. Намибия ба хорича ашёи хоми минерали, пусти карокули ва гайра бароварда аз он чо хуроквори, сузишвори ва маснуоти саноати меоварад. Шарики асосии савдо- яш РАЧ. Вохиди пул—рэнди Афри­каи Чануби.

Маориф. Бино ба маълумоти расмии РАЧ дар соли 1973 69% ахолии африкои бесавод буд, дар асл аз ин хам зиёд мебошад. Мактабхои са- федпустону африкоихо алохида алохида. Мухлати тахсил барои сафедпустон 7 сол дар мактаби ибтидои ва 5 сол дар мактаби миёна. Аз синни 7 то 16-сола таълим хатмист. Барои африкоихо таълими хатми вучуд надорад. Мухлати таълим барои аф­рикоихо 8 сол дар мактаби ибтидои ва 5 сол дар мактаби миёна. Соли 1973 дар мактабхои ибтидои 103,5 хазор, дар мактабхои миёна хамаги 1919 нафар африкоихо тахсил мекарданд. Мактаби миёна барои онхо кариб дастнорас мебошад. Намибия мактаби оли надорад. Сафедпустон дар мактабхои олии РАЧ тахсил мекунанд. Дар Виндхук барои сафедпустон коллечи техникии хусуси хаст. Чамъияти илмии Африкаи Чанубу Гарби (дар Виндхук), Китобхонаи оммави (таъ­сисаш 1924) ва Музеи давлати (таъ­сисаш 1958) вокеъ аст. Гайр аз ин дар Свакопмунд ва Людеритс музей хаст.

Матбуот ва радиошунавони. Соли 1978 дар Намибия 8 номгуй газета ва жур­нал нашр мешуд. «Сёйдвестер» («Die Suidwester» — «Сокини Чануби- Гар­би», ба забони африкаанс, таъсисаш 1945), органи партияи хукмрони милли; «Сёйдвес-африканер» («Die Suidwes Afrikaner» — «Африканери Чануби Гapби», ба забони африка­анс, таъсисаш 1927), органи партияи оппозитсионии Федералии Африкаи Чанубу Гарби; «Алгемайне тсаптунг» («Allgemeine Zeitung» — «Газетаи умуми», ба забони немиси, таъсисаш 1915), «Виндхук адвертайзер» («Windhoek Advertiser»— «Газетаэълонномаи Виндхук», ба забони англиси, таъсисаш 1919), «Намиб таймс» («Namib Times» — «Вакти Намиб», ба забони англиси, немиси ва африкаанс, таъсисаш 1958). СВАПО ба забони англиси газетаи «Нами­бия нюс» («Namibia News» — «Ахбороти Намибия», таъсисаш 1968; дар Лондон мохе ду маротиба мебарояд) ва журнали «Намибия тудей» («Na­mibia Today», таъсисаш I960, дар Танзания мохе 1 маротиба мебарояд) нашр мекунанд. Шабакаи радиошунавоние амал мекунад, ки он барномахои радиои РАЧ-ро мешунавонад. СВАПО барои Намибия аз Лусака (Замбия) ва аз Доруссалом (Танзания) барномахо мешунавонад.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …