Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Намаки ош NaCl

Намаки ош NaCl

Намаки ош хлориди нат­рий (NaCl), як навъ моддаи беранги кристаллиро гуянд, ки аз мухимтарин махсулоти хуроквори ба хисоб меравад. Зичиаш 2161 кг/м3; t гуд. 801° С; t чуш. 1413° С; сахтнаш 2. Халшавандагии Намак ош дар об ба хисоби : 26,28 (0° 01, 26,43 (25° С), 28, 12 (100° С). Н. ош дар табиат дар холати намаксанг (галит) васе паххн шудааст. Намаки ош аз замонхои кадим дар рузгор барои ба хурок андохтан, консервиронидани гушт, мохи ва дигар махсулоти зудвайроншаванда ва дар хочагии кишлок (иловаи хуроки чорво) истифода мешавад. Вай дар тайёр кардани рангхо, дар даббоги, метал­лургия, истехсоли сода, шиша, хлор, сулфати натрий ва даххо моддахои дигар ба кор меравад.

Дар огранизм яке аз моддахои мухими физиологи мебошад. Аз норасоии Намаки ош ба хун чабидашавпи гизои халшуда сусту, хун гализ мешавад, кашишхурии мушакхои скелети, функсияи сис­темаи асаб ва гардиши хун ихтилол меёбад. Намаки ошро аз кадимулайём хамчун воситаи давои васеъ истифо­да мебаранд. Масалан, дар тибби халки Намаки ошро тасфонида ба чойхои шамолзадаи бадан мебанданд; латта ё пахтаро ба махлули сери он тар карда (шурпахта) ба узвхои сахт латхурда, чои каждум ё занбургазида мебанданд; хангоми беморихои милки дандон ва ангина бо махлули сери  он гаргара мекунанд ва гайра. Дар тиб­би муосир махлули изотонии (0,9%) Намаки ошро чун халкунандаи дорухо хамчун воситаи дезинтоксикатсиони барои ба зери пуст фиристодан ё имола (хукна) кардан, махлули ги­пертонии (3—5—10%) онро барои компресс ё тар кардани чарохатхои фасоднок истифода мекунанд. Лойхои махлули сери Намаки ош дошта дар муоличаи тарбод, рагкаши, илтихоти шуш ва дигар беморихо истифода мешаванд (ниг. низ Пелотерапия). Дар РСС Точикистон бештар аз 50 кони Намаки ош мавчуд аст. Калонтарини онхо конхои Шурбел (75% NaCl дорад), Тутбулок (71,63% NaCl дорад), Камишкургон (68% NaCl дорад), Хоча- сартез (97,29% NaCl дорад), Хочамуъмин (93,54% NaCl дорад) буда, захираи умумиашон бештар аз 75 млрд т аст. Аз конхои Камишкургон ва Хочамуъмин соле барои хочагии халк 25—35 хазор тоннаги Намаки ош» истехсол мекунанд.

Ад.: Абуали ибн Сино. Канон вра­чебной науки, кн. 1, Ташкент, 1956; 3 и- н о в  е в А. И., Технология выварочной и йодированной соли, М., 1957; Андре­ева Е. В., Горст соли .«Наука и жизн», 1958, >6 3; П о а и и М. Е., Тех­нология минералных солей, Л.. 1961; Махмудов К., Бир чимдим туз, «Фан ва турмуш», 1972, М 3.     

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.