Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Намакхои калий

Намакхои калий

Чинсхои куххи тахшинест, ки аз минералхои калий ва калию магнийдори дар об нагз халшаванда иборат аст. Мухимтарин минералхояш с и л в и н (КС1; 52,44% К), карналлит (КС1 • MgCl, • 6H2O; 35,8% К), каинит (KMg[SO4]Cl • ЗН2О; 14,07% К), п о­ л и г а л и т (K2MgCa2[SO4]420; 12,97% К), лангбейнит (K2Mg2 [SО4]3; 18,84% К) ва гайра. Чинсхои кухии калийдори мухим инхоанд: чинси карналлитй (45—85% карналлит ва 18—50% галит ва каме силвин, ангидрит, минералхои гили ва карбонати дорад), с и л в и н и т  (95—98% силвин ва галит ва гайра), хартзалтс ё намаки сахт (8—25% силвин, 18—30% кизерит, 40—60% галит, 0,5—2,0 минералхои карбона­ти ва гайра). Намакхои калий дар натичаи бухор ва хунукшавии рапи (намакоб)-и толобхои калийдор хосил мешаванд. Конхои намаки калий дар даврахои геологии иклимашон гарм ва хушк пайдо шудаанд. Махсусан шароити даврахои девон, перм, неоген барои гун шудани Намакхои калий мусоид буд. Намакхои калий дар байни тахнишасти кулхои шури хозира низ мавчуданд.

Микдори К2О дар конхои саноатии Намакхои калий 12—30% аст. Захираи умумии Намакхои калий дар Иттифоки Совети 166,4 млрд т (24 млрд т ба хисоби К2О)- ро ташкил медихад, ки кисми знуиёди он дар Урал (Соликамск, вилояти Перм), Казокистони Гарби, Украина и Гapби, Белоруссия чой гирифтаанд. Конхои калони Намакхои калий дар РДГ (Штасфурт), РФГ (Ганновер, Гартс, Гессен, Баден), ШМА (Ню-Мексико, Кали­форния), Канада (Саскачеван), Фран­сия (Элзас), Италия (чазираи Ситсилия) низ маълуманд.

Намакхои калий асосан дар хочагии кишлок истифода мешаванд. Ашёи хоми асосии ис­техсоли нурихои калийдор мебошанд. Инчунин дар сохахои элект­рометаллургия, тиб, суратгири, пи­ротехника, истехсоли шиша,, собун, ранг ва махсусан дар саноати химия (барои истехсоли КСl, K2CO2, КОН, KN03, K2SO4 ва -fqhf) ба кор мебаранд.

Ад.: В а л я ш к о М. Г., Геохимичес­кие закономерности формирования мес­торождений калийных солей, М., 1962; Кашкаров О. Д., Фивег М. П.. Калийные и магнезиалные соли. М.— Л.. 1963; ЯржемскиЙ Я. Я., Калий­ные и калиеносные галогенные породы, Новосибирск, 1967.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.