Маълумоти охирин

Накора

Накора (ар. — духул), сози мусикии зарби, ки дар байни бисёр халкхо маъмул аст; танаи дарунхолие дошта, аз як ё ду тарафаш пуст кашидаанд. Хангоми ба мемб­рана задан овоз хосил мешавад (баъзан дар вакти соиш). Баландии овози Накора беандоза (номуайян) аст. Аз замонхои кадим Накора хамчун сози бонги хабар истифода шуда, раксхо, намоишхо, маросимхои дини дар хавои он ичро мегардиданд.

Дар оркестрхои симфони ва нафаси ду хели Накора— калон ва хурд (ё харби) ис­тифода мешаванд. Барон Накораи калон кубаки нугаш нармро ба кор меба­ранд. Овози Накора пуркувват, бечаранг ва паст мебошад. Танаи Накораи хурд пасттар буда, ба руи мембранаи поёнаш торхо кашида шудааст, ки овозро чарангоси мекунанд. Барои задани Накораи хурд ду кубаки чубини нуггафсро истифода мебаранд. Накораи пионери ба хамин навъи Накора монанд буда, аз он хурдтар аст.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …