Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Наклиёти трубопроводи

Наклиёти трубопроводи

Наклиёти трубопроводи, наклиётест, ки тавассути трубахо (гулбахо) аз чои истихроч ё аз истехсолот ба чойхои коркард ё истеъмол нефт, махсулоти нефт, газ ва гайраро интикол медиханд. Трубопроводхо гуногун мешаванд: трубопроводи ‘магистрали барои интиколи нефт, газ ва гайра, ба масофаи калон, трубопроводи саноати (махалли) ба­рои интиколи нефт, газ ва гайра ба за­воду базахои нефт (нигаред Нефтепро­вод, Газопровод). Харочоти наклиёти трубопроводи магистрали назар ба харочоти наклиёти рохи охан 3—5 маротиба камтар аст. Водопровод хам яке аз намудхои Наклиёти трубопроводи мебошад. Дарозии умумии нефтепроводи тамоми дунё соли 1913, 33  километр буд, соли 1967 бошад, он ба 356 хазор километр расид. Дар хамин давра гардиши бор аз 16 миллиард ба 1023, миллиард тонна киломемр расид (63,8 маротиба афзуд). Соли 1967 ба систе­маи наклиёти чахон 485 хазор километр га­зопроводи магистрали хамрох карда шуд.

Дар Россия аввалин трубопровод барои интиколи газ трубопроводи Боку—Батуми (1842 километр) солхои 1897— 1907 coхта шудааст. Соли 1913 дар Рос­сия дарозии нефтепровод 1,1 хазор километр, гардиши бор 0,3 миллиард тонна километр, 1940 бошад, дар СССР мувофикаи 4,1 хазор километр , 3,83 миллиард тонна километр, 1972 42,9 хазор километр ва 375,93 миллиард тонна километр , 1980 69,7 хазор километр  ва 1196,8 3 миллиард тонна километр  буд. С. 1964 coxтмони иавбати якуми нефтепроводи калонтарини дунё — «Дружба» ба охир расид. Солхои 1966—70 дар СССР 7,9 хазор километр нефтепроводхои магист­рали сохта шуданд. Мухимтарини онхо:      Уст—Балык—Омск, Алек­сандровское — Нижневартовский — Уст—Балык, Уяен—Гурев—Куй­бышев, Ярославл—Кириши. Соли 1973 дар СССР калонтарин нефтепроводи Саматлор— Уст— Балык—Курган— Уфа—Алметевск (1836 километр) сохта шуд.

Дар СССР нахустин газопроводи магистрали — газопроводи Саратов— Москва соли 1946 ба истифода дода шуд. Баъдтар системаи магист­ралии газопроводи Централная,

Шаркию Украина, Гарби, Поволжия, Кавказ, Осиёи Миёна, Урал сохта шуданд. Газопроводхои калонтарини СССР: Бухоро—Урал (4503 километр), Осиёи Миёна — Марказ (5500 километр). Дарозии умумии газопроводхои СССР соли 1950 2,3 хазор километр, 1972 79 хазор километр, 1980 132 хазор километр буд. Маи 1974 газопро­води Калиф — Душанбе (дарозиаш 297 километр) сохта шуд, ки ба воситаи он аз Афгонистон ба Иттифоки Совети газ интикол мешавад. Дар районхои шимоли Точикистон соле 380— 400 хазор м3 газ хосил карда меша­вад, ки як кисми он (80—100 хазор м3) ба шахри Исфара ва 300 хазор м3 ба газопроводи магистралии Муборак— Фаргона дода мешавад.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.