Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Наклиёти рохи охан

Наклиёти рохи охан

Наклиёти рохи охан, наклиёест (паровоз, тепловоз, электровоз ва гайра), ки тавассути он бор ва пас­сажир мекашонанд. Наклиёти рохи охан баробари тараккии капитализм пайдо шуд. Соли 1825 дар Англия аввалин рохи охан Стоктон-Дарлингтон сохта шуд. Дар Россия бошад, нахустин рохи охани Пе­тербург—Сарское Село—Павловскро соли 1837 сохтанд. Соли 1851 сохтмони рохи охани Петербург—Москва ба охир расид.

Соли 1980 дар СССР тули рохи охани 141,8 хазор километр аз он чумла 43,7 хазор километр рохи охани электриконида буд.

Роххои охани асосии СССР, ки маркази мамлакатро бо Донбасс, Урал, Сибир, Шарки Дур пайваст мекунанд, инхоанд: рохи охан  Москва — Горкий—Перм, Свердловск—Омск, Москва — Арзамас — Казон — Сверд­ловск—Омск—Новосибирск—Красно­ярск—Тайшет—Иркутск—Чита—Ха­баровск—Владивосток ва гайра Солххои 1960—70 магистралхои нав сохта шудаанд: Абакан—Тайшет, Макат— Узен ва гайра. Соли 1974 сохтмони рохи охани Байкалу Амур Уст-Кут — Комсо­молски Амур (3200 километр) огоз ёфт. Роххои охани СССР бо роххои охани байналхалкии 25 мамлакати Европа ва Осиё пайваст мебошанд. Соли 1980 дар СССР тавассути рохи охан 3728, 2 миллион тонна бор, 3569 миллион пассажир кашонда шуд.

СССР аз чихати  хачми бору пассажиркашони дар чахои чои якумро мегирад. Дар натичаи азнавсозии техники дар наклиёти рохи охани СССР электровозу тепловоз чори кар­да шуд. Дар сохтмони роххои охан релсхои вазнин, шпалахои охану бетон ва гайра истифода карда шуданд; роххои охани асоси бо автоблокиров­ка ва диспетчери маркази мучаххаз гардиданд. Дар натичаи азнавсозии техники арзиши аслии боркашони дар солхои 1950—70 кариб ду маротиба кам шуда, самараи мехнат бо­шад дар хамин давра кариб 3,4 маротиба афзуд.

Сохтмони рохи охани Точикистон дар солхои аввали Хокимияти Совети огоз ёфт. Соли 1925 бо ташаббуси Пар­тияи Коммунисти ва Хукумати Со­вети сохтмони рохи охани Самсоново— Тирмиз—Душанбе cap шуд. Ин ро­хи охан дар шароити нихоят душвор, дар шароити нарасидани об, маснуот ва озукавори сохта мешуд. Дар ин сохтмон хазорхо заминкан, сангчин ва дуредгарон кор мекарданд. 7 ноябри 1925 ба вокзали Тир­миз аввалин поезд омад. Соли 1926 рохи охан то Чаркургон — нахустин стансияи рохи охани Тирмиз—Душанбе давом дода шуд.

Дар ноябри 1927 рохи охан то дашти водии Сурхон расид. Зимистони солхои 1927—28 дар сеяки участка рохи охан хобонда шуд. Стансияи нав — Шур­чи ба истифода дода шуд. 11 сентябри 1929 ба ш. Душанбе нахустин поезд омад.

Рохи охани Точикистонро бо дигар республикаву нохияхои мамлакат пайваст. Участкахои рохи охани терреторияи Точикистон ба хайати рохи охани Осиёи Миёна дохил аст. Дарозии рохи охани бараш мукаррари 255 километр, дарозии рохи охани камбар 386 километрм мебошад. Хозир ка­риб тамоми борхо бо тепловозхо кашонда мешаванд, ки ин самараи мехнатро баланд бардошта, арзиши аслии боркашониро кам кард. Сифати боркашони бехтар гардида, вагонхои хавояшон мунтазам тозашаванда ба истифода дода шуданд. Суръати поездхои пассажиркаш хеле афзуд. Рохи охани камбар, ки Душанберо бо водии Вахш ва вилояти Кулоб мепайвандад, факат барои боркашо- нии дохили республика хизмат мерасонад ва ба сабаби ривочу равнаки наклиёти автомобили ахамияти худро беш аз пеш гум мекунад. Тавассути рохи охан камбар ба водии Вахш сузишвори, мури, чубу тахта ва гайра мекашонанд. Соли 1970 бо рохи охан камбар 836 хазор тонна бор кашонда шуда буд. Дар хамин давра хачми корхои нак- лиёти такрибан 1,7 маротиба афзуд.

Адабиёт: Железнодорожный транспорт СССР в документах Коммунистической Партии и Советского правительства, Москва, 1957.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.