Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Наклиёти гидравлики

Наклиёти гидравлики

Наклиёти гидравлики, усули бо чараёни об аз чое ба чой дигар кучондани масолехи сахт. Наклиёти гидравлики хангоми гидромеханиконии корхои за­минканию кухкори ва сохтани иншооти хоки (сарбанд, дамба ва гайра) барои дур кардани дажголу хокистар аз дегхои бур, интиколи сарватхои зеризамини ва дур кардана партовхои просессхои пурфайзкунии онхо, аз чое ба чое кучондани масолехи гуногун (когазпораю аррамайда, ашёи хоми заводхои канду спирт ва гайра) истифода мешавад. Наклиёти гидравлики ду хел мешавад: бетазйик ва ботазйик.

Дар Наклиёти гидравликии бетазйик гидроомехта дар новахои моилу рукушод, ки фишори болои онхо ба фишори ат­мосфера баробар аст, харакат мекунад; дар Наклиёти гидравликии ботазйик гидроомехта даруни трубопроводхо тахти фишори барзиёд харакат мекунад. Ии фишори барзиёд бо ёрии насосхо (масалан, насоси пармачох, насоси ангишткаш ва гайра) ба амал оварда ме­шавад. Барои хисобу китоби Наклиёти гидравлики асосан диаметри трубопровод, консентрасияи чисмхои сахт дар гидро- омехта ва муковимати гидравлики мухим аст. Тавассути Наклиёти гидравликии ботазйик борхои гуногунро ба масофахои дуртар кашондан мумкин аст (масалан, дар ШМА бо ин усул ангиштро то 173 киллометр, маъданро то 115 киллометр мекашонанд).

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.