Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Наклиёти дарёи

Наклиёти дарёи

Наклиёти дарёи, наклиётии оби, наклиётест, ки тавассути он бо роххои обии дохили (дарёхо, кулхо, обанборхо, каналхо) бор ва пассажир мекашонанд. Наклиёти дарёи флот (хама гуна киштихои гуногуни дарёи), роххои алока, бандархо, муассисахои киштисозию таъмири кишти ва гайраро муттахид мекунад.

Киштигардии дарёи дар асрхои 6— 9 дар Байнаннахрайн, Мисри Кадим ва Хитой таракки карда буд. Рохи бузурги обии «аз варягхо то юнонихо» (рохи обии тичоратиест дар Ру­си Киев, ки Руси Шимолиро бо Чануби, Наздибалтика ва Скандинавияро бо Рум мепайваст) машхур аст. Дар Россия аввалин кишт соли 1815 (дар Петербург) сохта шуд. Авва­лин теплоходи чахонро соли 1903 дар Россия сохтаанд.

Наклиёти дарёи махсусан дар солхои Хокимияти Совети босуръат таракки кард. Тули умумии рохи дарёии СССР 9,6 миллион километр буда, зиёда аз 144,5 хазор километри он киштигард аст. Мухимтарин роххои дарёи инхоанд: Волга, Днепр, Дон, Двинаи Шимоли, Печора, Енисей, Лена, Обь, Иртыш, Амур. Мухимтарин каналхои киштигард бахри Сафеду Балтика, рохи обии Волгаю Балтикаи ба номи Владимир Илич Ленин, Канали ба номи Москва, Канали Волгаю Дони ба но­ми Владимир Илич Ленин мебошанд. Бандархои асосии дарёи инхоанд: Москва (3-то), Горкий, Волгоград, Киев, Днепропетровск, Ленинград, Ростов, Перм, Архангелск, Осетрово (дар дарёи Лена), Красноярск, Новосибирск, Омск, Хабаровск, Игарка. Инкишофи роххои обии дохили ба туфайли сохтмони иншооти калони гидро­энергетики бо шлюзхои киштигард (Волгоград, Куйбышев, Саратов,Горкий (дар дарёи Волга), Перм (дар дарёи Кама), Каховка, Кременчуг, Днеп­родзержинск, Киев (дар дарёи Днепр), Новосибирск (дар дарёи Обь), Иркутск, Братск (дар дарёи Ангара) ва гайра ба танзими чараёни дарёхо мусоидат мекунанд. Флоти дарёи мунтазам бо киштихои нави хозиразамон таъмин карда мешавад. Дар СССР бо Наклиёти дарёи 568,1миллион тонна бор (бурдуовардаш 244,9 миллиард тонна/километр) ва 138 миллион нафар пас­сажир кашонида шудааст (1 январ 1980).

Аз чумлаи дарёхое, ки дар худуди Точикистон чорианд (кисман дарёи Аму ва шохоби он Панч) киштигарданд (тулашон 300 километр). Ко­ри Наклиёти дарёии дохили РСС Точикистонро муассисаи корхои киштиронии дарёии осиёимиёнаги ба ухда гирифтааст. Бо кишти байни республикахои бародарии Узбекистон, Туркманистон ва Точикистон бор мекашонанд. Соли 1970 бо Наклиёти дарёи 160,0 хазор тонна бор кашо­нида шудааст, ки хачми воридоташ 333,2 хазор тонна буд. Кисми зиёди бори овардашуда махсулоти нефт (42%), галла (9%), чубу тахта (4%) аст. Панч, Айвач, Файзободкалъа истгоххои асосии киштианд. Кариб ха­маи бор аз бандари Тирмиз (РСС Узбекистон) оварда мешавад. Истгохи киштии Панчи Поён бо рохи охани камбари он чо алокаманд аст.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.