Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Наклиёти автомобили

Наклиёти автомобили

Наклиёти автомобили, наклиётест, ки тавассути он бор ва пас­сажир мекашонанд. Наклиёти автомобили охири асри 19 таракки кард. Соли 1900 дар чахон 11 хазор, 1940 46 миллион, 1950 70,4 миллион, 1968 190 миллион автомобил буд. Дар Россияи тореволютсиони Наклиёти автомобили сохаи мустакил набуд. Соли 1913 дар Россия 8,8 хазор автомобил (асосан автомобили сабукрав) буд.

Дар СССР Наклиёти автомобили баъди пайдо шудани саноати автомобилии ватани таракки кард. Гардиши бори Наклиёти автомобили дар СССР соли 1970 назар ба 1913 89 маротиба афзуд. Барои тараккии босуръати  автомобилхои мукаммалу пуриктидор ва тезгард, нархи арзони боркашони ва сохтмони роххо имконият доданд.

Дар Точикистон Наклиёти автомобили баъди галабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр таракки кард. Аввалин автомобил ба Душан­бе соли 1926 омад. Соли 1929 дар респуб­лика сохтмони роххои автомобили огоз ёфт. Ибтидои солхои 30 хочагии автомобилии республика басо вусъат ёфт. Дар баробари афзудан ва бехтар гардидани роххо парки автомо­били хам васеъ шуд. Дар ибтидои панчсолаи 2-юм парки автомобилии рес­публика 4,6 маротиба, дар охири панчсолаи 2-юм 32 маротиба афзуд, Тули роххои сангфарши республи­ка соли 1940 назар ба 1929 282,2% зиёд гардид. Соли 1940 рохи автомобилии Помир сохта шуд. Наклиёти автомобтлли РСС Точикистон бо кашондани бор ва пассажирони дохили республика машгул аст. Берун аз республика хам бор кашонда мешавад (Душанбе — Тирмиз, Хоруг—Уш, Панчакент—Самарканд, Уротеппа—Хавост, Ленинобод—Тошкент ва гайра). Дар дохили республика кариб 88% (1974) бор бо Наклиёти автомобили кашонда мешавад. Вазни киёсии он дар гардиши бори наклиёти автомо­били мамлакат такрибан 0,9%, аммо дар хачми умумии боркашонии автомо­били 0,8%-ро ташкил мекунад.

Соли 1970 хачми боркашони назар ба 1940 31 маротиба ва гардиши бор 34 ма­ротиба афзуд. Дар республика борро асосан мошинхои парки автомобилии Вазорати наклиёт ва хочагии рохи РСС Точикистон мекашонанд. Ба районхои шимолии республика Трести ав­томобилии Ленинобод, ба районхои чануб Трести автомобилии Душанбе ва ба ВАБК Трести автомобилии Помир хизмат мерасонанд. Соли 1955 боркашони марказонида шуд. Соли 1968 хочагихои автомобили пурра ба усули нави баплангири ва хавасмандонии иктисоди гузаштанд. Тамоми марказхои район ва махалхои кало­ни ахолинишин байни худ алокаи автомобили доранд (гайр аз баъзе районхои кухи, ки дар зимистон ро­хи агбахо махкам мешаванд). Пассажиронро асосан автомобилхои Ав­топарки истифодаи умум мекашо­нанд. Хозир ахолии Точпкпстон аз автобус бештар истифода мебарад.

Соли 1980 дар республика тавассути автобусхои истифодаи умуми 197,7 миллион нафар пассажир кашондаанд.

Адабиёт: Орлов Б. П., Развитие тран­спорта в СССР, Москва, 1963; Прокофьев И. И. Анисимов А. П., Экономика автомобильного транспорта, Москва, 1965.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.