Маълумоти охирин

Накл

Накл (ар. — aз чое ба чои дигар бурдан), дар фольклор, як шакли осори насри даханакии халк аст, ки таърихи кадима дорад. Накл хамчун махсули эчодиёти бадеии халк муносибат ва назари одамонро дар бораи табиат ва хаёти чамъияти ифода менамояд. Як хусусияти Накли халки он аст, ки асоси сюжети вай аз вокеахои аники хаёти фарохам меояд. Дар Накл тасвирхои муболигадор ва ходисахои хаёлии аз акл берун мавкеъ надоранд. Образ ва предметхои тасвир низ дар Накл конкрет ва реали мебошанд. Сохти композитсионии Накл нисбатан содда аст. Дар Накл тасвирхои муфассал ва печ дар печи вокеахо дида намешаванд. Накл бо хусусиятхои жанрии худ ба ривоят хеле наздик аст. Бинобар ин гуяндагони халки гохо ба чои Накл истилохи «ривоят»-ро ба кор мебаранд.

Баъзан хам Накл ва хам «ривоят» ба­рои ифодаи як максад истифода мешавад. Дар гуфтугуи халк ба чои Накл истеъмоли истилоххои «хикоя», «кисса», «достон», «афсона» ва гайра низ ба назар мерасад. Накл аз чихати сохт, тарзи тасвир, мавзуъ, образ ва истифодаи воситахои бадеи ба жанри ёддошт наздик аст. Нвкл чун дигар жанрхои фольклори, мавзуъхои гуногунро дарбар мегирад. Дар байни точикон оид ба мазору зиёратгоххо, шахру дехот, махаллаву гузархо, чашмахо, ёдгорихои кадима, шахсони машхури таърихи ва гайра Наклхои бисёре мавчуданд. Як кисми Наклхо дар асоси акидахои мифологии мардум ба вучуд омадаанд ва хамчунин аз унсурхои хаёти вокеи холи нестанд.

Дар бораи чонварон ва пайдоиши онхо низ Наклхои зиёде вучуд доранд. Оид ба вокеахои солхои аввали Хокимияти Совети, чанги граж- дани, сохтмони колхозхо ва иншоотхои бузург, вокеахои Чанги Бузурги Ватани хам Наклхо хастанд. Накл дар хаёти маънавии халк мавкеи муайян дорад. Ин шакли насри халки барои донистани фикру акида, хаёлот ва тарзи зиндагонии мардум кумак расонда, оид ба омузиши таъриху маданияти халк материали фаровон медихад.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …