Маълумоти охирин

Наккоши

Наккоши (аз ар. — накшкунанда, суратгар), накшкаши, хунари офаридани накш, махсули эчодии санъаткорони халки ва касби, яке аз намудхои кадимии санъати амалии халк. Ёдгорихои меъмори ва бозёфтхои apxeoлигии  Осиёи Миёна шаходат медиханд, ки Наккоши дар ин чо замонхои кадим ривоч ёфтаасг. Инкишофи хунархои меъмори, куло- ли, мисгари, заргари, колинбофи ва кашидадузи ба тараккиёти Наккоши низ мусоидат кардаанд. Намунахои но­дири накшунигоре, ки дар натичаи хафриёти археологи аз Тирмиз, Варахша, Афросиёб, Панчакент ва дигар махалхо ёфт шудаанд, аз маданияти баланди гузаштагони мо гувохи медиханд. Дар амали наккошон (ёдгорихои меъмори, зарфхо, матоъхо ва асбобхои гуногуни рузгор ва гайра)-и махалхои мухталифи кишварамон монанди ва умумияте ба назар расад хам, дар шахру махал услуби xocu Наккоши дорад. Одатан, устохои сангтарош, кандакор, кашидадуз ва гайра аз тархе, ки наккошон тайёр карда­анд, истифода мебаранд ва ё худашон накш мекашанд.

Масалан, дар Уротеппа усто Мухаммадрауфи Носири хамчун наккоши бомахорат шухрат ёфтааст. Аз накшхои у кандакори маъруф усто Абулкарим истифода мебурд. Бисёр наккошон, аз чумла устохо Яъкуб ва Юсуф Рауфовхо, Мирмаксуд Солиев, Гафур Мансуров, Мирзорахмат Олимов ва дигар, бо кандакорон хамкори мекарданд. Охири асри 19 ва ибтидои асри 20 Наккоши дар Осиёи Миёна хеле равнак ёфт (махсусан дар водихои Зараф- шон ва Фаргона). Дар ин водихо санъати Наккоши ба дарачае маъмул буд, ки хатто сокинони дехахои дурдасти водихои Зарафшон (Дардар, Дарг, Зероватк ва гайра) ва Хисор (дехаи Рохати) барои накшунигори бинохои гуногун устохои Уротеппа, Хучанд ва Самаркандро даъват мекарданд.

Хонахои истикоматии типи кухна ва масчидхои болооби Зарафшонро асосан наккошони уротеппаги оро медоданд. Намунахои барчастатарини санъати Наккошии халки точик дар ёдгорихои меъморни шахрхои Са­марканду Бухоро ва Балху Хирот дида мешаванд. Дар Панчакент ус­луби кандакори ва наккошии устохои Самарканд мушодида мегардад. Накшунигори шифти хона дар районхои кухии чануби Точикистон низ маълум буд. Ёдгорихои меъморни асри 19 ва ибтидои асри 20 — масчидхои Ховалинг, Балчувон, Кангурт ва дехаи Чиртаки райони Регар бо суратхо ва аломатхои рамзи зинат ёфтаанд.

Дар дехаи Ямг (pайони Вахони Бадахшон) хонаи истикоматие вучуд до­рад, ки пеш аз револютсия сохта шу­дааст ва дар Помир ягона биноест, ки шифти онро бо (мусаввараю накшхо (асп, гов, мохи, одам, офтоб, гулхо) ва навиштачоти араби оро додаанд. Наккошони точик дар эчоди худ асосан аз рангхои лочвард, осмони, зард, сурх, сафед ва сиёх истифода мебаранд. Наккошон ба хамвор будаши чои накшкаши эътибори махсус медиханд, чунки ин холат дар чолибтар ва пурчилотар баромадани накшунигор ахамияти калон дорад. Схеман накш, ахта, муйкаламхон аз пашми хайвонхои гуногун тайёркардашуда ва рангхои мухталиф воситахои асосии амали Наккооохи аст. Наккошони точик анъанахои бехтарини хунармандону санъаткорони гузаштаро эчодкорона идома дода, санъати Накоширо боз хам бештар такмил медиханд. Дар санъ- ати имрузаи точик анъанахои Наккоши асосан дар ороиши бинохои мада­нию маърифати (чойхона, ресторан, клубхо) истифода мешаванд. Ороиши чойхонахои «Рохат», «Фарогат», ресторани «Точикистон» (Душанбе), Касри маданияти колхози ба номи С. Урунхучаев (pесторани Хучанд), рестора­ни «Гули бодом» (Конибодом), чойхонаи «Дилором» (Исфара) ва гайра намунахои олии санъати Наккошии муосир мебошанд.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …