Маълумоти охирин

Накиза

Накиза (аз ар. — вид, мукобил), пародия, як навъ осори адаби, театри, мусики ва эстрадиро гуянд, ки ба тарзи таклиди масхараомез сохта мешавад. Аз чихати мазхакавият Накиза ду навъ аст; мутоибави ва хачви. Дар Накизаи мутоибави хазли рафикона, назари хайрхоона ба асари Накизашаванда ба назар мерасад. Дар Накизаи хачви мохияти гояви ва эстетикии асари Накизашаванда рад мегардад.

Накиза як воситаи мубориза ба мукобили камбудихои эчодиёти бадеи, ходисахои номакбули адабиёту санъат, мубориза барои махорати адаби, тозагии забон, ягонагии мундарича ва шакли адабиёти бадеист. Накизаи шеъру газалхо яке аз шаклхои маълуму машхури он мебо­шад. Накизакунанда вазну шакли шеъри Накизашаванда, образхо, компози­тсия ва тарзи тасвир, баъзан хачми онро риоя карда, мисраъхои суст, забони шеър, калимахои лахчави, архаизмхо, воситахои бадеии кухна, такрорхои бемаврид, мазмуни соддалавхонаро танкид менамояд. Баъзан шоирон ба шеъри худ Накиза менависанд. Тарзи дигари Накизанависи аз номи шоири дигар шеър гуфтан аст. Чакоби Накизаро накизаи накиза мегуянд.

Нависандаи юнони Гиппонакт (вафот 530 то мелоди) саромади Накиза шинохта шудааст. Дар адабиёти халкхои олам Накизанависи аз кадимулайём расм гардида, имруз хам ривоч до­рад. Замони пайдоиши Накиза дар адабиёти точик аник таъин нагардидааст. Намунахои комили ин навъи адаби дар эчодиёти шоири точики асри 12 Сузании Самарканди дида мешаванд. Накизаро дар эчодиёти Абуисхоки Атъима (асри 15). Восифи (асри 16), Шохин, Савдо (асри 19) ва дигар низ мушохида намудан мумкин аст. Дар адабиёти советии точик Накиза солхои 20—30 (дар эчодиёти Пайрав Сулаймони, М. Аминзода, Сухайли ва дигар) ривоч ёфтааст. «Намунаи шеърхои Пай­рав» ном шеъри Пайрав Сулаймони Накизаи асархои худаш мебошад:

Эй шоири оташкалами бо калами нав, савдогари Маскав,

Дар дашнаи шиканчаи танкид забаррав, афтода ба тиргав.

Аз зарбаи танкид дамодам шуда бехол, афсудаву помол.

3-он acт, ки худро шумури «куру кару лол», тарсида зи чанчол.

Хон, эй асари «Курсии хунин»-и ту хун- хун, эй шоири мачнун!

Чон хуну чахон хуну замин хуну замон хун, олам шуда гулгун…

Солхои охир дар ин жанри адаби шоирони точик Бобо Хочи ва Гулназар кувваозмои менамоянд.

Адабиёт: Та баров С., Пайрав Сулаймо­ни (Очерки хаёт ва эчодиёт), Душанбе 1962;

Саъдиев С., Сузани ва мухити адабии Самарканди асри XII, Душанбе, 1974.

Дар борамон

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …