Маълумоти охирин

Накарот

Накарот, гардон, бозгуй, мухимтарин чузъи суруд ва тарона аст, ки пас аз хар банд, байт 6 мисраъ такрор ёфта, барои таъкиду таквияи маъно ва оханги мусики, таъ- мини робитаи мантикии бандхо ва чамъбаст кардани максади хар матни суруд ифодаёфта хизмат меку­над. Кариб хамаи сурудхои маросими, мавсими, суруди модарон—«Ал­ла» ва гайра Накарот доранд. Накаротхо аз чихати сохт, шакл ва мазмун гуногунанд. Ин гуногуни ба он мавкеъ, ки Накарот дар суруд дорад ва ба он вазифае, ки дар суруд ичро мекунад, алокаманд аст. Дар асархои фолклори Накаротхо ба шакли нидохое меоянд, ки баъзан ягон маънои лугави надоранд. Аз руи адои вазифа ва мавкеи худ дар суруд Накаротхо хоричи ва дохили мешаванд.

Дар замонхои кадим, вакте ки бисёр сурудхо танхо аз нидову хитоб ва овозхои хамоданг иборат буданд, Накарот вазифаи матнро хам ба зимма дошт. Шакли кадимии Накарот, ки аз мачмуи такрори нидохо ва калимахо иборат буд, дар су­рудхои мотам, сурудхои туи, сурудхои мехнати боки мондаанд. Бо мурури замон ин кабил Накаротхо барои шакл гирифтани матни сурудхо асос шудаанд. Дар ин сурудхо Накарот бо мундаричаи матн алокаи мантики надошта танхо барои кувват додани таъсири шеъру суруд, хизмат менамояд. Чунин Накаротхо ба гурухи Накаротхои хори­чи дохил мешаванд.

Ин навъ Накаротро сайёр низ мегуянд. Накаротхое хастанд, ки бо матни суруд дар як вакт ба вучуд омада, бо он шаклан ва мазмунан алокаи узви доранд. Инхо Накаротхои дохилии суруд буда, аксар банд, байт ё мисраи аввал ва ё охири банди худи суруд ба сифати Накарот истифода мешаванд. Кариб хамаи су­рудхои кутохсатри халкие, ки дар шакли мусаммати мураббаъ (аааа, ббба ва гайра) гуфта шудаанд ва сурудхое, ки матнашон ба асархои китоби тааллук дошта, ба репертуари хофизон, хаваскорони санъат ва артистони касби дохил гардидаанд, Накаротхои дохили доранд. Дар адабиёти советии точик сурудхои Накаротдор зиёданд.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …