Маълумоти охирин

Найза

Найза:

1) олати чуби ё фулузии дарози суфта, ки ба нукаш теги бо- рики фулоди шинонда, дар шикор ё чанг истифода бурда мешуд. Дар давраи палеолит ихтироъ гардидааст. Найза дар ибтидо калтаки нуктез буда (дарозиаш аз 1,5 то 5 м), дертар одамон ба нукаш пайкон (дар асри санг — санги, устухони, аз асри биринчи — фулузи) пайваст мекардаги шуданд. Найза хусусан дар асри охан бештар пахн гашт. Дар Осиёи Миёна Найзаро чанговарони хоразми, сугди, кушоии, порти ва диг.  бештар ба кор мебурданд. Шаклхои гуногуни Найза дар байни аскарони пиёда то охири асри 17 — ибтидои асри 18, дар байни аскарони савора то аввали асли 20 боки монд. Аз асри 19 ба нуки милтик Найза пайваст мекардаги шуданд. Холо Найза хамчун яроки шикор дар байни мардуми махаллии Африка ва Америкаи Чануби бокист.

2) Дар варзиши сабук олати варзиш, ки хангоми мусобика ба кор бараяд. Ду хели Найза маълум: мардона (дарозиаш 260 см, вазнаш 800 г) ва занона (дарозиаш 220 см. вазнаш.600 г).

Ад.: Литвинский В. А., Древние кочевники «Крыши мира», М.. 1972.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.