Маълумоти охирин
Главная / Биология / Нажоди асл, насаб

Нажоди асл, насаб

Нажод асл, насаб, гурухи одамони таърихан дар махалли муайян ташаккулёфтаро гуянд, ки дар як вакт пайдо шудаанд. Ягонагии пайдоиши онхо бо аломатхои муштараки морфологию физиолога ифода гардида, ба андозае дар худуди муайян тагйир меёбанд.

Гуруххои асосии Нажод Инсонияти хозира аз руи Нажод ба се гурухи асоси чудо мешавад: европои, занги ва мугули. Европоисуратхо бо муи мавчдор ё мулоими рост, пусти нисбатан сафед ё гандумгун, сермуии бадан (аз чумла ришу муйлаб) ва узвхои таносул, бинии борики барчаста, лабони нозуки худ фарк мекунанд. Ба зангихо муи сиёхи чингила, пусти сиёх, чашмони мухаддаб, барчастагии чогхо, бинии пахн ва лаболи гафс хосанд. Ба му- гулсуратхо муи сиёхи дурушти рост, пусти зардчатоб, чашми танги меши руй ва бинии пачак хосанд. Хиндиёни Америка аз руи пайдоши ва бисёр аломатхо ба нажоди мугули наздиканд.

На хамаи инсонияти хозира ба ин се гурухи Нажод дохил карда меша­ванд. Дар Осиёи Чанубу Шарки, Океа­ния (Укёнусия) ва Австралия гуруххои одамоне зиндаги мекунанд, ки аз руи баъзе аломатхо (пусти сиёхчатоб, бинии пахн, лабони гафс) ба зангихои Африка наздик буда аз онхо бо муйхои мавчдор, сермуии бадану узвхои таносул ва гайра фарк мекунанд. Ин кабил одамонро баъзе олимон Нажоти чорум (австралисуратхо) хисоб мекунанд. Дигар антропологхо австралисуратхою зангихоро аз як Нажоти калони экватори (зангию австрали) медонанд. Баъзе олимон (масалан, антропологи совети В. П. Алексеев) собит мекунанд, ки австралисуратхо акдоди зангихою европоисуратхо будаанд. Минбаъд аз ин Нажод зангихою европоисуратхо чудо шудаанд.

Нажоди европои, ки аввал дар Осиёи Чанубу Шарки, Африкаи Шимоли ва Европа ташаккул ёфтааст, дар навбати худ ба се гурухи асоси таксим мешавад: чануби (пусти гандумгуи, чашму муи сиёх), шимоли (пус­ти сафед, чашмони хокистаррангу кабуд, муи зард), байни чанубию шимоли (ба онхо пигментатсияи ми­ёна хос аст). Аз руи ранга пуст, чашм ва муи, сохти устухону чойхои нарми руй ва гайра антропологхо дар байни европоисуратхо гуруххои алохидаи махаллиро чудо мекунанд. Европоисуратхои чанубиро Нажоди бах- римиёназамини меноманд. Дарозсархои (долихокефалия) Нажоди бах- римиёназаминй (дар Гарб) ва хинду афгониро (дар Шимол) чудо мекунанд. Кутохсархои (брахикефалия) европоисуратхои чануби ба нажоди адриатики ё динари, осиёипеши ва помиру фаргонаги таксим мешаванд.

Т а ъ р и х и Нажоди хозира. Бино ба акидаи як гурух антропологхо, Нажодхо дар байни кадимтарин одамон (архантропхо) дар якчанд марказхои Африка, Европа ва Осиё ташак­кул ёфтаанд; аз руи акидаи гурухи дигари олимон бошад (аз чумла, аксар олимони совети), таксимоти нажоди дертар, баъди ба вучуд омадани чинси хозираи одам дар нохияи шаркии бахри Миёназамин ва нохияхои хамчавори Европаи Чануби, Африкаи Шимолу Шарки ва Осиёи Гарби (ниг. Моносентризм) ба амал омадааст. Эхтимол, дар давраи охири палеолит дар байни чинси хози­раи одамон ду маркази ташаккули Нажод ба вучуд омада бошад: гарби (Африкаи Шимолу Гарби ва Осиёи Чанубу Гарби) ва шарки (Осиёи Шарки ва Чанубу Шарки). Дертар гуруххои ало­хидаи одамон ба тамоми олам пахн гашта, ба хам омехтаанд. Онхо ба шароити гуногуни табиию географи мутобик шуда, ба Нажодхои хозира чу­до гаштаанд. Бисёр аломатхои на­жоди аввал бо рохи мутатсия ба вучуд омада, хусусияти мутобикшави пайдо намуданд ва зимни интихоби табии дар чараёни ташаккули нажод дар популятсияхо, ки дар мухити чугрофии гуногун мезистанд, инкишоф ва интишор ёфтанд.

Инсон дар Осиёи Миёна хануз дар давраи палеолити поён

маскан гирифта буд. Аммо устухони одамони то хол дар ин чо ёфтшуда ба даврахоп нисбатан баъдина мансуб аст. Устухони писарбачан неандертали, ки аз магораи Тешиктош ёфт шуд, ба палоолити миёна, ба давраи мусте тааллук дорад. Кароргохи назди Самарканд, ки аз он ду чоги одами типи хозира ёфт шуд, ба охири палеолит мансуб аст. Онхо ба чогхое айният доранд, ки аз ка роргохи давраи палоолит дар Чехос­ловакия, аз кабристони давраи мезо­лит дар Украина ва аз магораи дав­раи мезолит — Хоту дар Эропи Шимоли ёфт шудаанд. Ду косахонаи са­ри дар  чануби Узбекистон, аз магораи Магат ёфтшуда ба давраи гузариш аз охири палеолит ба мезолит мансубанд. Як катор аломатхо боиси акидае шуданд, ки косахонахои cap ба Нажоди европои (шояд бахри миёназамини) дохил мешаванд.

Дар Точикистон, дар он минтакахое, ки холо зери оби барки Точик мондааст, устухони одамоне ёфт шудаанд, ки 8 хазор сол кабл, дар давраи неолит зиндаги кардаанд. Ба онхо асосан аломатхои Нажоди европои хос аст. Умуман ахолии Осиёи Миёна дар давраи неолит аз ду типи антро­пологи иборат буд: дар шимол ва шимолу гарбии Казокистон европоисуратхои ибтидои ва дар Ч., дар Точикистон, Туркманистон ва Узбекистон нажоди ибтидоии бахримпёназамини зиндаги мекарданд. Аз кабристону кароргоххои мансуб ба хвзораи 3—2 то м. микдори зиёди косахонахои cap ёфт шуданд, ки ба асри биринчи тааллук доранд. Типи антропологии ахолии он давраи худуди Казокистон европоисуратхои кадим буданд, ки руи онхо васеъу кутох, пахну гирда буданд. Ахолии Точикистон, Туркманистон ва Узбекистон аз чихати нажод якхела буд ва ба типи чануби европоисуратхои гавдумгун до­хил шуда, сари дароз, руи борику дароз, чашмхои калон, бинии борики тегдор ва баланд доштанд.

Дар охири хазораи то мелод дар Казокистон типхои антропологие пайдо шу­данд, ки дорои аломатхои Нажоди мугули буданд. Дар аввал ин аломатхо кам буданд, баъдтар европоисурат­хои махалли бо мугулсуратхои аз Шарк омада омехта шуданд ва ин ба ташаккули типе оварда расонд, ки ба казокхо ва киргизхои имруза хос буда, нажоди Сибири Чануби ном дорад. Хусусиятхои хоси он: руи пахну пачак, каммую камриши, бинии рости тегадори баланд. Дар дохили ин нажод вариантхои алохидаи махалли хастанд. Чунончи, аломат­хои мугулии ахолии кисми кухии Киргизистон назар ба ахолии кисми хамвории он зиёдтар аст.

Дар асрхои охири то мелод дар кисми чанубии Осиёи Миёна типхои антропологии ачнабие пайдо шу­данд, ки онхо аз вилоятхои шимол ва шимолу шарки (нисбат ба чануби Осиёи Миёна) баромадаанд. Онхо кабилахои сакоихо (шокхо) буданд, ки кисман бо ахолии махалли дурага мешуданд ва кисман ахолии махаллиро ба вилоятхои кухи танг карда мебароварданд. Типи нажодии ахолии ин чо дар ибтидо ва нимаи аввали хазораи 1 мелоди европои буд, вале он аз типи бахримиёназаминии шаркии пешина тафовут дошт. Дар ин вакт каллаи хурд, андозаи муътадили руй, бини, на он кадар барчаста будани сатхи горизонталии (уфукии) руй мушохида мешаванд. Хамин тавр, ивазшавии типи антропологи cap шуд. Аммо ин холат танхо ба кисми хам­вории кишвар дахл дорад. Дар минтакаи кухи Точикистон типи нажо­дии бахримиёназаминии шарки боки мемонад (бозёфтхо аз Панчакент).

Точикон намояндагони типи ант­ропологие мебошанд, ки бо номи «помиру фаргонаги» (Ярхо) ё «типи мовароуннахри» (Л. В. Ошанин) маълум аст. Хусусиятхои хоси он­хо: ранги сиёхи муй ва чашм, муйхои мавчнок, сабзиши пуравчи ба­дан ва ришу бурут, дарозии муъта­дили руй, бинии росту борики бар­часта, пешонаи рост ва тараккиёти сусти устухони абру. Кабилахои эронизабони Помири Гарби (язгуломихо, рушонихо, шугнонихо, гуронихо, вахонихо) аз точикони кухистон кадре фарк доранд. Барои онхо пус­ти нисбатан сафед (гандумранги танхо дар 5% тахкикшудагон мушохида шудааст), ранги равшантари чашм (сиёхчашми дар 51% ва ранги омехтаи чашм дар 47% тахкикшудагон мушохида шуд) хос аст. Сабаби ин шояд изолятсияи давомнок (муддати мадид набудани равобит бо олами беруна) бошад, ки он дар на- тичаи никохи хешони наздик боиси аз байн рафтани рангхои равшан мегардад. Ранги муи онхо сиёхи кабудтоб (сиёхи баланд), сиёх ва си­ёхи дорчинтоб (кудакон аксар вакт малламуй). Муяшон нарм, рост ё до­рои мавчхои калон. Сабзиши ришашон муътадил ё аз муътадил боло, аммо сабзиши пашми бадан (дар сина) суст ё муътадил. Пуштаи биниашон рост ё камоншакл, руяшон бо­рик ва ба кадри кофи дароз. Хусу­сиятхои типи морфологии помирихоро ба вилоятхои гарби бо кухсори Эрон, Закавказия ва Кавкази кухи алокаманд менкунанд. Аммо ин шабохати махз морфологист ва ба саромади (генезиси) ин тип муносибате надорад.

Аз руи асоситарин хусусиятхои морфологи, физиологи ва психологи одамони Нажодхои гуногун ба хам хеле монанд буда, аз якдигар хеле кам фарк мекунанд. Назарияхои иртичоии вучуд доштани Нажодхои «оли» ва «паст» (ниг. Нажодпарасти), инчунин аз чинсхои гуногуни маймунхои оли пайдо шудани онхо асосе надорад. Маълумоти антропология ва дигар илмхо далели он аст, ки хамаи Нажодхо аз як чинси гоминидхо (ниг. Моногенизм) ба вучуд омадаанд. Имконияти номахдуди омехташавии Нажодхо, аз чихати биологи ва ичтимоию мадани комил будани гуруххои омехтаи одамон ягонагии азалии ива тамоман нодуруст будани акидаи нажодпарастиро собит менамоянд.

Ад.: Д е б е тс Г. Ф., Палеоантрополо­гия ИТТИХОДИ ШУЪРАВИ, М.— Л., 1948; Ошанин JI. В., Антропологический состав и воп­росы этногенеза таджиков и узбеков Южного Таджикистана, Сталинабад, 1957: Рогинский Я. Я., Левин М. г., Антропология, М., 1963; Нес* ту рх М. Ф., Человеческие расы. М., 1965; ‘Алексеев В. П., География че­ловеческих рас. М., 1974.

Т. П. Кияткина.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …