Маълумоти охирин

Най

1) найшакари худруй, калам (Saccharum spontaneum), гиёхи бисёрсолаест аз оилаи хушаихо. Баландиаш 100—200 см, пояаш гафс (диаметраш 5—7 мм), сахт, баргаш борики тасмашакл (бараш 2—4 мм), хушагулаш тугшакл (дарозиаш 25—50 см), пулакчаи гулаш сафедча (дарозиаш то 1 мм). Моххои май — июл гул карда, июл — сентхои мебандад. Найзор дар Эрон, Химолой, Хиндустон ва дар Осиёи Миёна мавчуд аст. Дар Точикистон Най асосан дар тугайзор, сохили дарё ва шохобхои он месабзад. Найро барои тайёр кардани си­лос, когаз ва матои дурушт истифода бурдан мумкин аст.

Шираи Най 2—4% сахароза дорад; 2) к а м и ш, найкамиш (Phragmites commu­nis (ниг. расм), гиёхи бисёрсолаест  аз оилаи хушаихо. Баландиаш аз 0,5 то 6 м, пояаш гафс (диаметраш 0,3— 1,5 см), рост, сербарг, хокистарии сабз, баргаш дурушти тасмаю нештаршакл (бараш то 7 см), тугаш зич, сершохча (дарозиаш 10—50 см, бараш 4—10 см), хушачааш 3—7 — гулаи буртоби бупафш ё зардтоб. Моххои июл — октябр гул карда дои мебандад. Дар минтакаи муътадили кураи замин пахн шудааст. Дар аксари нохияхои ИТТИХОДИ ШУЪРАВИ ва аз чумла Точикистон найзори фарох мавчуд аст. Асосан дар сохили дарё, кул, чуй ва гайра месабзад. Бо омехтагии чигда (Elaeagnus), туранга (Рори- lus diversifolia), газ (Tamarix) ва сарнай (Erianthus) дар тугайзор масохати фарохро ишгол мекунад. Наврустаи Най хуроки хуби чорвост. Аз хар га найзор 8—20 т алаф даравида, силос тайёр кардан мумкин аст. Баргу пояи Най  9% протеин, 2% равган, 6,4% сафеда, 37.2% клетчатка, 8,3% охор, 23% моддахои киёмии бе- нитроген (БЭВ) ва гайра дорад. Най чун масолехи сабуки сохтмон, инчунии барои тайёр кардани когаз, сабад ва гайра истифода мешавад.

Ад.: Флора Таджикской ССР, т. 1, м.— Л., 1957; Комаров Б. М., Опре­делител растений Северного Таджикис­тана, Д., 1967; Алексеев Ю. Е. [ва пиг.Т. Травянистые растения ИТТИХОДИ ШУЪРАВИ, т. 1, М., 1971.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …