Маълумоти охирин
Главная / Биология / Нахлихо

Нахлихо

Нахлихо (Агесасеае ё Palme), оилаи растанихои дарахтмонанди якпаллаги. 240 чинси Нахлихо, ки кариб 3400 намудро дарбар мегирад, асо­сан дар тропика ва субтропика пахн шудааст. Бисьёр намудхои Нахлихо дар Осиё (Индонезия), Африка ва Аме­рикаи Чануби, факат 1 намуди онхо (Chamac rops) дар Европа (Ис­пания, Франциян Чануби) меруянд.

Нахлихо аксаран шох намеронанд. Кадашон то 60 метр ва кутрашон то 1 метр мешавад. Барги пайдарпаи паршакл (дарозиаш то 15 метр) ё панча-панча доранд; Дар 5—12 баъзан 30—50- умин соли хаёташон гул карда, мева медиханд. Нахлихо асосан растании якхонаги буда, гулхои якчинса (баъзан дучинса)-и майдаи 3-узва ва гучуммева ё донакмева доранд.

Нахлихо ахамияти калони иктисоди до­рад. Меваи аксари Нахлихо (масалан, хурмо­бун) чун хурок истифода мешавад. Рафия.

Аз меваи хоми норчил шири кокос мегиранд. Аз меваи пусташ тоза кардашуда равган ва маргарин хосил мекунапд. Аp пояи Нахлихо нах мегиранд. Дар СССР Нахлихоро дар сохилхои чанубии Крим ва сохилхои бахри Сиёхи Кавказ, кисми гарбии РСС Туркманистон ва гайра парвариш мекунанд. Нахлихоро аз тухм, фаргуч, навдаи решагирифта зиёд мекунанд. Дар РСС Точикистон Нахлихо рас­тании тахчои набуда, факат баъзе намудашон чун растании ороиши парвариш карда мешаванд.

Адабиёт: Деревья и кустарники СССР, том 2, Москва— Ленинград, 1951; Сааков С. Г., Пальмы и их культура в СССР, Москва—Ленинград, 1954; С и н я г и п И. И., Тропическое земледе­лие, Москва, 1968.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …