Маълумоти охирин
Главная / Биология / Нахи пахта

Нахи пахта

Нахи пахта, нахест, ки пунбадонаро пушондааст; хучайраи дарозруяи эпидермиси пуст (дарозиаш 20—50 миллиметр), ки асосан аз целлюлоза иборат аст. Дар як пояи растани 4— 15 хазор нах инкишоф меёбад. Шакли Нахи пахта тасмаи чилодори печони сафед ё дар баъзе навъхо зардтоб, сабзтоб ва кахваранг аст. Нархи пахта 1/3 хиссаи массаи умумии пахтаи хомро ташкил медихад. Нахи пахта навъи хеле арзон ва пахншудаи наххои та­бии буда, дар истехсолоти чахони кариб 50%-ро ташкил медихад. Нахи пахта мустахкам, борик ва гигроскопист.

нахи пахтаХосиятхои асосии технологии Нахи пахта инхоянд: дарози, борики, махками, ёзандаги ва гайра. Дар вакти бахо додан ба сифати пахта асосан дарозии нах (миллиметр) ахамият дорад. Дарозии нахи аксар навъхои пахтаи совети 30—33 миллиметр, нахи пахтаи махиннахи совети 38—40 миллиметр аст. Дар натичаи корхои селекциони дарозии нах аз 18—28 то 31—43 миллиметр расонида шуд.

Нахи пахтаро дар саноати матоъхои- пахтагин ба 7 навъ таксим меку­нанд. Навъи I, II ва Ш-ро аз навъхои пахтаи махиннах мегиранд. Аз нахи ин навъдо матоъхои махсуси тунук ва бадошти сатин, батист ва трикотажи тайёр мекунанд. Навъи IV, V, VI ва VII-po аз навъхои пахтаи со- вети мегиранд. Нахи пахта ашёи хоми асосии наботи барои саноати бофан­дагй мебошад. Гайр аз ин, Нахи пахтаро ба пашм хамрох карда, барои тайёр намудани газворхои тунуки пашмин истифода мебаранд. Нахи пахта инчунин барои тайёр кардани махсулоти гуногуни техники (маснуоти электри, автопокришкаи мошин, тасма, тур, матоъ барои парашют ва гайра) ба кор бурда мешавад. Соли 1977 дар РОС Точ, 266 хазор тонна Нахи пахта истехсол карда шуда буд. Нигаред низ Пахта.

Адабиёт: Растениеводство, Москва, 1971; Расте­ниеводство, Москва, 1975.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …