Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нагзаккани

Нагзаккани

Нагзаккани обилакуби, усули пешгирии нагзаки табии бо рохи сирояти сунъии одам ба воситаи вируси ваксинаи нагзак. Дар замонхои кадим дар Хитой, Хиндустон, Африка усули вариолясия истифода мешуд. Мувофики ин усул ба зери пусти одами солим (ё ба пардаи луобии бини) дубобча ё рими хушконидаи нагзакро мефиристоданд. Дар натича бемори сабуктар гузашта, организм ба нагзак имму­нитет хосил мекард. Дар асри 18 вариолясияро дар мамлакатхои Европа, аз чумла Россия, истифода мебурданд. Вале баад аз он баъзан шак­ли вазнини бемори руй медод ва гохо шахси дар натичаи вариолясия ба нагзак гирифторшуда манбаи си­рояти дигарон мегардид. Хангоми вариолясия ба беморхои сироятии дигар низ гирифтор шудан мумкин буд. Усули нагзакканиро соли 1796 духтури англис 3. Ченнер пешниход намуд ва ин усул минбаъд ваксина­сия (аз лотини vaocinum — нагзаки гов) номида шуд.

Ваксинаро дар натичаи бо «вируси ваксинаи нагзак (вируси нагзаки табии, ки якчанд маротиба ба гусола чет карда шуда, хосияти нагааки говро пайдо кардааст) сироят кунонидани гусола хосил мекунанд.

Татбики Нагзаккани дар амалияи нигахдории тандурусти боиси хеле камшавии бемории нагзак гардид. Вале дар бисёр мамлакатхо Нагзак хатми намебошад. Дар СССР Нагзакро дар байни ха­маи бачагони 1—2-сола, хангоми тахдиди эпидемияи нагзак бошад барвакттар мегузаронанд. Нагзак дар синни 8 ва 12-солаги, барои коркунони тиббу хизмати коммунали ва гайра дар хар 5 сол як бор такроран гузаронида мешавад. Нагзакро ба руи пуст (баъди дезинфексияи пуст ваксинаро ба он молида чет мекунанд) мегузаронанд. То пустпартои оббози кардан мумкин нест. Агар баъди пустпартои доги захм боки намонад, Нагзакро бенатича шуморида, онро такрор мекунанд. Хангоми шиддатёбии бемори, ки хело кам ба вукуъ меояд, аз гаммаглобулини зиддинагзак истифода мебаранд. Мувофики маълумоти Ташкилоти умумичахонии нигахдории тандурусти нагзак холо дар тамоми чахон бархам хурдааст.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …