Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нафталин

Нафталин

Нафталин (аз лот. naphtha — нефт) С|0Нв, карбогидриди аромати. Кристаллхояш беранг, буи хос дорад; t гудозиш 80,3° С, t чуш. 218° Селсия. Захрнок, зичиаш 1,1517 г/см! (22° С). Дар спирт, эфир, бензол нагз, аммо дар об бад хал мешавад. Нафталинро аз зифти ангиштсанг ва карбогидридхои нефт хосил мекунанд.

Аз Нафталин ан­гидрида фталат, Моддахои рангубори (нафтолхо, нафтиламинхою сулфокислотахои онхо) ва гайра хосил ме­кунанд. Гомологхои Нафталин дар зифти ангишт ва метилнафталинхо низ мавчуданд. Хосилаи Нафталин полиметалнафталинро чун инсектисидхо, метилнафталинхоро чун омили танзими сабзиши растани ва намакхои сулфокислотап Нафталинро бошад, хамчун эмулгаторхо ба кор мебаранд.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …