Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нафси кул

Нафси кул

Нафси кул (аз ар. чон ва  хама, тамом), мафхуми фалсафаи динию идеалистист барои ифодаи зухури олам ва мабдаи харакати он, барои ифодаи робитаи олами улви ва олами сифли. Нафси кулл дар системаи афлотуния, навафлотуния, тасаввуф ва исмоилия мафхуми асосист. Ба акидаи Афлотун, ки Нафси куллро чавхари онтологи медонад, дар тамоми олам ва дар як ашьёи он иштирок дорад. Аз ин ру, Нафси кулл хамчун маб­даи дорои харакати азали сарчашмаи чунбиши олами модди каламдод мешавад. Нафси кулл баъд аз акл, ки ягона аст, вохиди сони буда, аломати афзуни ё худ шаходати афзуни аст. Таълимоти Афлотун дар бораи aкли кулл ва Нафси кулл асоси фалсафаи навафлотуния ва охира асоси онтологияи тасаввуф ва исмоилия гардид.

Дар навафлотуния Нафси кулл зинаи дуюми судур, сарчашмаи пайдоиши материя, хайвонот ва наботот донис­та шудааст. Хамаи инхо зинаи пасттари зухуротро ташкил медиханд. Нафси шахси заррае аз Нафси кулл. ва Нафси кулл мабдаю маоди нафси шахсист. Ин акида дар асрхои миёна ба чахонбинии намояндагони фалсафаи машшоъ, ахли тасаввуф ва исмоилия рох ёфта, шакли бидъатро мегирад, зе­ро ба таълимоти маъмули ислом дар бораи офариниш зид аст. Ба акидаи ахли тасаввуф ва исмоилия оламро худо бевосита халк накардааст, бал­ки он дар чараёни кавси нузул аз акли кулл пайдо шудааст.

Бинобар ин олам, гуё, инсони кабир аст, аммо Нафси кулл чавхари у ва худи инсон олами са­гир буда, нафс чавхари он мебошад. Мувофики таълимоти фалсафаи ис­моилия, агар акли кулл мабдаи донишу маърифат бошад, пас Нафси кулл мабдаи хаёт ва харакат аст. Хамин тарик, тасаввуф ва исмоилия аз дин дида бештар ба фалсафа майл доштанд. Таълимот дар бораи Нафси кулл баробари мохиятан ирфони ва иртичои буданаш дар асрхои миёна ифодаи озодфикри низ буд.

Адабиёт: Додмхуцоев Xаёл, Очерки фи­лософии исмаилизма, Душанбе, 1976.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …