Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нафс

Нафс

Нафс (ар. —чон), дар таърихи илм ва фалсафа мафхумест ба­рои ифодаи хаёт ва фаъолияти психикии инсон ва хайвону наботот; дар дин, фалсафа ва психологияи идеалисти мабдаи хаётбахш ва олати маърифат дониста мешавад, ки гуё новобаста ба тан ва пеш аз он вучуд доштааст ва бо хости худо бо чисм пайваста аст. То пайдоиши назарияи илми дар бораи хаёт ва фаъ­олияти психикии инсон Нафс объекти муборизаи илм ва дин, равияхои материалисти ва идеалистии фал­сафа буд. Ин мубориза холо хам давом дорад, зеро дин ва фалсафаи буржуази хануз хам дар бораи Нафс акидахои гуногунро таргиб менамоянд.

Тасаввурот дар бораи Нафс замоне ба вучуд омадааст, ки одамон дар хусуси фаъолияти психикии худ, мохияти он хануз чизе намедонистанд. Дар натичаи таъбири нодурусти баъзе чихатхои фаъолияти психики ( хоббини, бехушшави ва гайра) хулосае ба миён омад, ки психика фаъолия­ти тан набуда, фаъолияти кадом як мабдаест, ки берун аз тан вучуд до­рад. Аз ни ру, сабаби катъшавии ха­ёт аз тан чудо гаштани Нафс дониста мешуд. Баъдтар тасаввуроти анимистии одамони чамоаи ибтидои шакли таълимоти диниро гирифта, ба худои ягона, казову кадар, би- хишту дузах ва гайра эътикод пайдо мешавад. Начоти Нафс ва таъмини осоиши охиратро максаду мазмуни хаёти инсон донистанд ва як силсила расму оини дини (тахорат, намоз, руза, хач, калимаи шаходат) ба собит сохтани ин таълимот хизмат мекардаги шуд. Аз ин ру, таъ­лимот дар бораи Нафс махаки хар як дин аст.

Исботи назариявии мавчудияти Нафс ва муносибати он ба тан масъалаи мухимми фалсафаи идеалистист. Дар фалсафаи материалистии даври кадим (Фалес, Анаксимен, Герак­лит) ва атомистика (Демокрит, Эпикур) Нафсро бо унсурхои модди (об, хаво, оташ ва атом) айният дода, монанди тан нашъи мехисобиданд. Афлотун, Арасту ва навафлотуния Нафсро чавхари латифи гайримустакил дониста, онро ба олами сифли ё модди мукобил гузоштаанд. Масъалаи таносуби Нафсу тан ба масъалаи асосии фалсафаи идеалистии асрхои миёна табдил ёфт. Файласуфони пешкадами Шарк — Форобй, Ибни Сино, Беруни ва Ибни Рушд ягонагии Нафсу танро исбот кардани мешуданд ва бо хамин ба таълимоти динию идеалисти дар бораи охират мукобил мебаромаданд.

Вале Нафс на факат мабхаи хаётбахш ва фаъолияти рухии инсон, балки олоти маърифат, асоси он низ хисоб меёфт. Махз ин акида дар процесси инкишофи илм ва фалсафа тадричан ба фахмиши илмию мате­риалистии рухияи инсон ва шуури он оварда расонд. Дар процесси инкишофи илму истехсолот ва умуман маърифати инсон, акидахои гайриилми дар бораи Нафс бо унсурхои илмию материалисти иваз мешуданд. Аввал Ибни Сино ва баъдтар мутафаккирони асрхои 17—18 ба акидае омаданд, ки асоси маърифати Нафсро объектхои моддии дар узвхои хисс инъикосёбанда ташкил медиханд. Узвхои хисс ба воситаи системам муайяни асаб бо майнаи cap хамчун маркази пайдоиши эхсосот — унсури нахустини рухия пайвастанд. Идрок, тасаввур ва тафаккур низ тавассути хамин процесс пайдо мешаванд. Асоси фаъолияти психикии ин­сон ва хайвонро Нафс не, балки тан муайян мекунад. Ин акидаро материалистони асри 18 Д. Дидро, П. Голь­бах, К. А. Гельвеций ва дигар инкишоф додаанд. Л. Фейербах ин гояро такмил дод ва ягонагии тани инсонро исбот намуд.

Дар давраи хозира акидахои идеалистиро оид ба Нафс баъзе чараёнхои фалсафаи буржуази ва равияхои гуногуни спиритуалисти тарафдори мекунанд. Махсусан неотомизм — фалсафаи расмии католисизм дар масъаладои Нафс ва начоти он таълимоти «нав ба навро» эчод намуда, дар ин рох аз муаммохои хануз халнашудаи илми истифода мебарад.

Материализме диалектики ва таърихй ба комьёбихои табиатшиноси ва психологияи илми такья намуда, хама гуна акидаро дар бораи Нафс рад мекунад. Дар олам ба гайр аз материли мутахаррика чизи дигаре вучуд надорад. Психика ва шуур сифат ва махсули материли олиташ- кил — майнаи cap буда, дар натичаи инкишофи дуру дарози табиат ташаккул ёфтааст. Тафаккур ва шуур махсули чамъиятанд ва факат дар чамъият чой доранд. Абадияти шахси вучуд надорад, хаёт факат дар ягонаги бо марг вучуд дорад. «…шу­ур ва тафаккури мо, харчанд фавкулхисси намоянд хам, махсули органи модди, чисмони, яъне махсули майна мебошанд. Материя махсули рух нест, балки худи рух факат мах­сули олии материя аст» (Маркс Карл ва Энгельс Фридрих, Асархои мундаричаи чилди 2, Душанбе, 1965, сахифаи 406).

Адабиёт: Энгельс Фридрих, Людвиг Фейер­бах ва хотима ёфтани философияи классикии немис, Душанбе, 1958: Энгельс Фридрих, Диалектика природы, Маркс Карл и Эн­гельс Фридрих, Соченеие, том 20; Избранные произведения мыслителей стран Ближнего и Среднего Востока VII—XIV ввеков. Москва. 1961.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …