Маълумоти охирин

Нафосат

Нафосат (ар.  — нафиси, нозуки), як навъи зебоист;

1) дар табиат асосан дар зохири ашьёю ходисахо падид омада, аз мукаммаливу мутаносиби ва шинамиву хушха- ракатии онхо дарак медихад. Нафосати асархои санъат ва ё махсули мехнати инсонро бо ибораи «назокати яд­ро» ифода мекунанд. Шакли лола, гули хайри, мачнунбеди лаби об, сарв ё харакати гизол ва гайра ифодаи нафисию зебоии табиатанд. Аммо ифодаи хакикии Нафосат дар симои инсон тачассум ёфта, дар мутаносибии бадан, чобукию озодии харакат, вачхи мулхам, табассум, хулку атвор, завки либоспуши ва гайра зохир мегардад. Нафосат  бо кибр, худписандию худнамои ночоя аст.

2) Дар санъат Нафосат инъикоси образноки хама чизи зебои хаёт аст (масалан, портретхо, манзарахо, мучассамахо, лавхахои наккошиву кандакори ва гайра). Хусни баёни газалиёти гузаштагону шеърхои барчастаи имруза намунаи один Нафосат дар назм аст. Романс ё валсхои дилнишин, бисёр кисматхои созиву овозии мероси мусики (макомхо) ифо­даи Нафосат дар ин намуди санъат аст. Дар минётурхои асримиёнагиву муосир, махсули санъати ороиши амали, ки хеле одди ва озодона ичро гардидаанд, Нафосат ба таври аёни зохир мешавад. Нафосати хакикиро аз сохта фарк кардан лозим аст. Нафосати хакики дорои мазмуни ичтимои ва гояхои гуманистист.

3) Дар методологияи илм категорияи хосест, ки чихати эстетикии мафхуму конунхои нави илмро ифода намуда, як навъ меъёри хакконияти объективии онхо мебошад. Чунончи, дар методология физика принсипи нафосат ном рукни фалсафи корбаст мешавад, ки махз зебоии мантикии муодиларо нишонаи ба вокеият айни будани он эълон менамояд. Ба кавли А. Эйнштейн, П. Дирак, М. Гелл-Манн, Салом барин физикони маъруф дар тадкику тадкики математикии олам ин принсип рохнамои хос мебошад. Умуман дар илми хозиразамон зарураяти ботинан ба хам пайвастани се чихати фаъолияти одами — неки, хакикатчуи ва зебои ба амал омадааст. Аз ин чихат идеали илмро ин тавр каламдод кардан мумкин аст: чизи дакики бояд ба тарики хайр ба даст ояд, аслан зебо бошад ва нихоят ба кори нек истифода шавад.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …