Маълумоти охирин

Нафиси Саид

Нафиси Саид (18.6.1896, Техрон – 14.11.1966, хамон чо), олим, нависанда ва ходими чамъиятии Эрон, Писари Алиакбари Нафиси, Нафиси тахлили ибтидоиро дар мактабхои “Шараф” ва “Илмия”-и Техрон, миёнаро дар Швейсария ва олиро дар Университети Сорбоннаи Франсия ба анчом расондааст. Солхои 1918-34 дар вазоратхои гуногуни Эрон кор карда, баробари ин дар омузишгоххои харби, дипломати ва мактаби олии навъи политехники-“Дорулфунун” аз забону адабиёти форси ва таърих дарс дарс дод. Аз соли таъсиси донишгохи Техрон (1934) Нафиси профсоюз интихоб шуда, то аввали солхои 50 ин вазифаро ба чо овард. Аввали солхои 50 дар натичаи фишори сиёси ва зиддият бо рохбарияти донишгох Нафиси ба нафака баромад.

Асархои нахустини илмии тадкикотии у аввали солхои 20 навишта шудааст.Нафиси олими сермахсул аст. Доир ба таърихи адабиёти классикии форс-точик, адабиёти муосири Эрон, таърихи Эрон ва Осиёи Миёна, адаииёти классики ва советии рус, адабиёту фарханги халкхои совети, забон ва адабиёти мамлакатхои Европаи Гарби бештар аз 800 макола, асари илми ва адаби, таълиф нвмуда, як силсила асархои адаби ва таърихиро ба нашри интикоди хозир кардааст. Асархои Нафиси, монанди «Ахвол ва ашъори Абуабдуллох ибни Чаъфар Мухаммади Рудакии Самарканди» (чилди 1—3, 1930—40), «Таърихи тамаддуни Эрони Сосони» (1952), «Шохкорихои насри форсии муосир» (чилди 1—2, 1950—53), «Таърихи ичти- мои ва сиёсии Эрон дар асри хозир» (1956), «Зиндаги ва кору хунари Максим Горкий» (1956), «Таъ­рихи адабиёти руси» (чилди 1, 1965), «Таърихи назму наср дар Эрон ва дар забони форси» (чилди 1—2, 1965) таълифоти мухимми илмианд.

Нафиси хамчун нависанда хам шухрат дорад. У муаллифи ду мачмуаи хикояхо: «Ситорагони сиёх» (1937) ва «Мохи Нахшаб» (1949), се роман: «Фарангис» (1931), «Нимарохи бихишт» (1953), «Оташхои нухуфта» («Хисобхо дуруст дарнаёмад», 1966), инчунин «Гулчине аз девони Саид Нафиси» (1954) ва драмаи «Охирин ёдгори Нодиршох» (1926) аст. Дар асархои бадеии нависанда масъалахои мухимми хаёти сиёсию ичтимоии Эрон ба миён гузошта шудаанд.

Нафиси узви Фархангистони Улуми Эрон (аз соли 1935), яке аз асосгузорон ва фаъолони чамъияти дусти ва равобити фархангии Эрон бо Иттифоки Совети, ноиб-президенти чамъияти «Эрон — Хиндустон», аъзои фахрии чамъияти «Эрон — Фран­сия», аъзои Совети умумичахонии сулх буд. У дар донишгоххои Бамбай, Алигарх, Кохира, Бейрут, Багдод, Кобул, Дехли, Хайдаробод оид ба таърихи адабиёти классикии форс- точик лекция ва маърузахо хондааст. Нафиси борхо ба Иттифоки Совети омадааст. У дар чашнхон 1000-солигии таваллуди Фирдавсй (1934), 20- солагии таъсиси РСС Узбекистон (1944), 20-солагии ташкили РСС Озарбойчон (1945), 220-солагии таъсиси АФ СССР (1945), 500-солагии таваллуди Навои (1948), 150-солагии М. Ф. Охундов (1962), 550-солагии тавал­луди Абдуррахмони Чоми (1964), инчунин дар съезди 2-юми нависандагони СССР (1954) ва Конгресси25- уми шаркшиносони дуньё (Москва, 1960) иштирок кардааст. Нафиси ду маротиба (1960, 1964) ба Точикистон ома- да, бо хаёти илмию мадании респуб­лика аз наздик шинос гардидааст. Нафиси соли 1964 доктор ва профессори фахрии Университети Давлатии Точикистон интихоб шуда буд.

Нафиси нисбат ба Точикистон ва халки точик мухаббати зиёд дошт. Ин мухаббати худро шоир дар шеъри «Ба дустони точикам» (1960) самимона ифода кардааст. Нафиси ба шоирон, нависандагон ва олимони машхури точик С. Айни, М. Турсунзода, Б. Гафуров, М. Осими, А. Мирзоев робитаи дустона дошт. У бо намунахои эчодиёти шоирону нависандагони точик ши­нос буд ва ба адабиёти советии точик бахок баланд медод. Нафиси дар нутки дар съезди 2-юми нависандагони СССР эчодкардааш рочеъ ба адабиёти советии точик ва адибони барчастаи он чунин гуфтааст: «Барои мо махсусан рохи республикахои советии Осиёи Миёна, ки таърихани ба мо наздиканд ва дар як муддати кутох ба гул-гул шукуфтани маданияти худ ноил гардидаанд, ибратомуз аст. Асархои нависандагони намоёви точик Садриддин Айни, Мирзо Турсунзода, Миршакар, Улугзода, Икроми… барои чавонони мо дар рохи ба вучуд овардани адабиёти милли ва хакикатан халкии худ намунаи сазовор аст».

Нафиси махсусан ба осори илмию адабии С. Айни бахои баланд додааст. У нахустин олими хоричи буд, ки ба китоби С. Айни «Намунаи адабиёти точик» такриз навишта, ахамияти онро таъкид намуда буд: «Ба хар эрони низ фарз аст, ки лоакал як бор ин китоби нафисро, ки азизтарин раховарди бародарони туркистонии мост, бихонад».Нафиси соли 1944 зимни ширкат дар чавши 20-солагии рес­публикаи Узбекистон бо устод Айни шинос шуд. Таассуроти амики аз ин вохури гирифтаашро Нафиси баъдтар дар ёддошти худ чунин накл кардааст: «Дар Тошканд бо касе, ки солхо буд орзуи дидорашро доштам, ру ба ру шудам. Андоми логар ва кади мутавассит ва симои пур аз хушу фаросат ва чашмони пурфуруги Садриддин Айни маро гирифт. Дидам сурати он марди бузург, ки дар баробари ман аст, бо сирате, ки аз муаллафоти вай дар зехни ман чойгир шуда буд, комилан яксон аст». Аз эчодиёти бадеии Нафиси чанд хикоя дар Точикистон нашр шудааст: «Дами вопасин» (1973), «Ситораи ман» (1976), «Рохи одам шудан» (1976) ва гайра.

Адабиёт: Начмонов Ф, Саид Нафисй — нависандаи бомахорати Эрон, «Мактаби Со­вети», №10,  1978; КомиссаровД. С., С. Нафиси — выдающийся ученый и писатель современного Ирана, «На­роды Азии и Африки», 1962, №2; Гиунашвили Л. С., Творческий путь Саида Нафиси, Тбилиси, 1976.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …