Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нафаскаши

Нафаскаши

Нафаскаши, нафасгири, процесси мураккаби физиологии аз мухити беруна оксигенро фуру бурдан ва гази карбонату обро хорич кардани хайвонот ва растанихоро гуянд. Нафаскаши ба оксидшавии моддахои органики (равганхо, ангиштобхо ва сафедахо), ки дар натичаи он энергияи барои организм зарур чудо ме­шавад, асос ёфтааст.

Нафаскашии хайвонот ва одам. Организмхои якхучайраги ва бисьёрхучайраги бо тамоми сатхи бадани худ нафас мекашанд. Нафаскашии хайвонот ва одам аз чунин даврахо иборат аст:Нафаскашии б е р у н и мубодилаи газхо байни мухити берунаю шуш; мубо- дилаи газхо байпи шуш (альвеолахо) ва хун; интнколи газхо ба воситаи хун (аз шуш ба бофтахо кашонидани оксиген ва аз бофтахо ба шуш бурдани гази карбо­нат) ; мубодилаи газхо б а й н и  хуну бофтахо; Нафаскашии даруни (азхудшавии оксиген ва хосилшавии гази карбонат дар хучайрахо). Интиколи газхо ба воситаи хун (яъне функцияи нафасгирии хун) ба кобилияти оксиген ва гази карбонатро пайваст карда кашондани баъзе моддахо (асо­сан гемоглобин) вобаста аст. Дар одам, ширхурхо ва паррандахо оксигенро чаббидани хун ва аз худ хорич шудани гази карбонат дар алвеолахои (пуфакчахои интихои шохахои тунуки бронххо, ки бо тури капиллярдо ихота шудааст) шуш ба амал меояд. Микдори хавоеро, ки дар 1 дакика ба шуш дохил мешавад, хачми дакикавии нафасгири (КДН) меноманд. Хачми дакикавии нафасгирии одами калонсол, дар холати ором нишастан ё бистари будан, такрибан 5— 8 литр мешавад. Хангоми Нафаскашии муътадил одам хар дафъа кариб 500 миллилитр хаворо фуру бурда, хамон кадар хаворо берун мебарорад. Дар як дакика ода­ми калонсол 14—16 маротиба нафас мегирад. Нафаскаши ба кашишхурии мушакхои нафасгирии кафаси сина ва ди­афрагма вобаста буда, дар зери таъсири импулсхои маркази Нафаскаши, ки дар магзи cap вокеъ аст, ба вучуд мео­яд. Фаъолияти маркази Нафаскаширо нимкурахои калони магзи cap идора меку- нанд.

Нафаскашии  растанихо. Растанихо низ чун хайвонот хангоми Нафаскаши оксигенро фуру бурда, гази карбонатро хорич менамоянд. Нафаскашии растанихо процесси ферментативи буда, дар он асосан ферментхои дегидраза (гидрогенро аз субстрат ба оксидазахо мегузаронад), оксидаза (гидрогенро ок­сид намуда, об хосил мекунад), кар- боксилаза (карбони оксидшуда дар намуди гази карбонати озод чудо ме­шавад) иштирок мекунанд. 60—65% энергияе, ки хангоми Нафаскаши чудо меша­вад, барои худи растани сарф шуда, бокимондааш ба сифати энергияи гарми берун меравад. Дар баъзе растанихои дарачаи паст ва дарачаи оли гази карбонат аз хисоби оксигени дар молекулаи баъзе пайвастхои органики буда хорич мешавад. Чунин процесс туршшави ё Нафаскашии анаэроби ном дорад. Нигаред низ. Фо­тосинтез.

Адабиёт: Маршак М. Е., Регуляция ды­хания у человека, Москва, 1961; Физиология человека, Москва, 1986; Рубин В. А., Курс физиологии растений, Москва, 1971.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …