Маълумоти охирин

Нафака

Нафака  (ар. —харчи харруза, харочот), дар СССР пулест, ки аз фондхои чамъиятии истеъмолот ба гражданхо дар пиронсоли, хангоми бемори, гум кардани кобилияти мехнати ва гайра дода мешавад. Хукуки гирифтави Нафакро Конституцияи CGCP мукаррар кардааст (моддаи 43). Нафака инчунин барои хизматхои бардавом, махрум гаштан аз парастори оила, барои мехнати пештара ва фаъолияти манфиатноки чамъияти таъин карда мешавад. Баъди Револютсия Кабири Сотсиалистии Октябр масъалаи аз хисоби давлат бо Нафака таъмин кардани гражданхо ба миён омад. Давлати Совети аз рузхои аввали мавчудия- ти худ барои инвалиди ва махрум гаштан аз сарпарасти оила таъини Нафакаро пешбини намуд.

Соли 1928 дода­ни Нафакаи пиронсоли барои коргарони баъзе сохахои саноат, баъдтар барои хамаи коргарон, 1937 барои хизматчиён чори гардид. Соли 1956 дар бораи зиёд намудани микдори Нафака конун баромад. Мувофики ин конун Нафака ба коргарон, хизматчиён ва дигар гражданхое, ки нисбат ба онхо сугуртаи ичтимои чори мешавад; ба хизматчиёни катории харбй, сержанту старшина, мичману прапорщикхои хизматашон тулонй, ба донишчуёни мактабхои оли, миёнаи махсус ва гайра, хамчунин ба гражданхое, ки дар натичаи ичрои вазифахои давлати ё чамъияти, хифзи хаёти одамон ва тартиботи чамъияти инвалид гаштаанд, ба аъзоёни оилахои номбурда, ки аз сарпараст махрум гаш­таанд ва гайра дода мешавад.

Пас аз кабули конун дар бораи Нафака ва ёрдампули ба аъзоёни колхозхо (1964) системаи ягонаи таъмини Нафака ба вучуд омад, ки амалан хамаи мехнат- кашон ва оилахои онхоро фаро гирифт. Кафолати таъмини давлати бе хеч гуна камкуни аз маоши мехнаткашон; аз тарафи давлат додани Нафака аз хисоби фондхои умумииттифоки; мавчудияти коидаи ягонаи нафакадихи (пири, инвалиди, махрум гаш­тан аз сарпараст); зарурати синну сол ва талаботи ягонаи стажи кори барои таъини Нафака ва гайра принсипхои асосии Нафакаи советиро ташкил медиханд. Нафака мувофики таъинот ба гуруххои зер таксим мешавад: Нафакаи пиронсоли, Нафакаи инвалиди, Нафака барои махрум гаштан аз парастори оила, Нафака барои хизмати шоистаи дарозмуддат, Нафакаи шахси.

Нафакаи пиронсоли якумри буда, сарфи назар аз кобилияти кори ба коргарону хизматчиён, аъзоёни колхозхо (ба мардони  60-сола бо стажи на камтар аз 25-сола, ба занони 55-сола бо стажи на камтар аз 20-сола) до­да мешавад. Бо чунин стаж, вале синни 5 сол камтар ба шахсоне, ки дар хифзи Ватан ё ичрои вазифа­хои дигари харби инвалид шуданд, дар районхои шимолии дур мунтазам ва на камтар аз 15 соли календари ё 20 соли календари дар чойхое, ки шароиташон ба Шимоли дур монанд кор кардаанд, низ дода ме­шавад. Заноне, ки 5 ва аз он зиёд фарзанд таваллуд карда, онхоро то 8-солаги тарбия намудаанд ва на камтар аз 15-сола стажи кори доранд, хукук доранд, ки аз 50-солаги| ба Нафака бароянд.

Нафакаи пиронсоли инчунин ба коргарону хизматчиёне, ки дар корхон зеризамини, чойхои шароити кориашон зараровар, цеххои тафсон кор мекунанд (ба мардон аз 50-солаги бо стажи на камтар аз 20- сола ба занон аз 45-солаги бо стажи на камтар аз 15-сола, руихати махсуси шумораи 1); ба коргарону хизматчиёни шароити корашон вазнин  (ба мардон аз 55-солаги бо стажи кории на камтар аз 25-сола, ба занон аз 50-солаги бо стажи кории на камтар аз 15-сола; руйхати махсуси шумораи 2); ба коргарзанони корхонахои бофандаги (аз синни 50-солаги бо стажи на камтар аз 20-солаи кори, дар асоси руйхати махсус); ба коргарону хизматчиёни нобино (ба мардон аз 50-солаги бо стажи на камтар аз 15-солаи кор, ба занон аз 40-солаги бо стажи на камтар аз 10- солаи кор); ба коргарону хизматчиёни гирифтори касалии гипофизарияи нанизм — лилипутхо (ба мардон аз 45-солаги бо стажи на камтар аз 20-солаи кори, ба занон аз 40-солаги бо стажи на камтар аз 15-солаи ко­ри) дода мешавад. Нафакаи аъзоёни колхоз набояд аз 28 сум, коргарону хизмат­чиён набояд аз 45 сум (бо стажи пурраи кори) кам бошад. Дарачаи баландтарини Нафакаи якмоха 120 сум мебошад. Нафакаи пири дар хачми пурра дода мешавад.

Нафакаи инвалиди ба коргарон, хизматчиёну аъзоёни колхозхо барои доими ё муддати дароз гум кардани кобилияти мехнати таъин мегардад. Ба шахсоне, ки дар натичаи маъюбии мехнати ё бемории касби инва­лид гаштаанд, новобаста аз муддати стажи кори Нафака таъин карда меша­вад. Микдори чунин Нафака нисбат ба Нафакаи шахсони дар натичаи бемории умуми инвалидгашта зиёд аст. Хангоми таъин кардани Нафака сабаб, гурухи инвалиди, кори ичрокарда ва микдори музди мехнати коргарро ба назар мегиранд.

Нафака барои махрум гаштан аз парастори оила, ба аъзоёни оилаи кобили мехнат набудаи коргар, хизматчи ё аъзои колхоз, ки аз хисоби парастори оила зиндаги ме- карданд ва холо у фавтидааст ё бедарак гайб задааст, дода мешавад. Дар чунин холат кудакон, бародарон, хохарон ва наберагони синнашон ба 16 сола (хонанда ба 18-сола) нарасидаи шахси фавтида дар шароити аъзои оилаи у хисоб меёбад, ки онхо падару модари кобили мехнат надошта бошанд ва падару модар, шавхару зани синну солашон ба пири расида ё инвалидгашта (аъзоёни оилаи колхозчи — инвалиди гурухи 1 ва 2) дошта бошанд.

Нафака  барои хизмати шоис­таи дарозмуддат ба коркунони сохаи маориф, тандурусти, хайати парвози авиатсияи граждани, баъзе категорияи артистони театр ва дигар коркунони муассисахои намоишдихи, сарфи назар аз синну сол ва холати кобилияти кори дода мешавад.

Нафакаи ш а х с и барои шахсоне муайян карда мешавад, ки барои ватан  дар харакати революциони, кори давлати, хочагию чамъияти хизматхои махсус дошта, дар сохаи  инкишофи маданият, илму техника хизматхои бузург кардаанд. Дар холати  фавтидан Нафака ба аъзоёни оилаи у дода мешавад. Мувофики хизмат Нафакаи иттифоки, республикави ва дорои I ахамияти махалли таъин карда мешавад. Барои нафакахурони шахси имтиёзхо (пардохти 50% пули чои  истикомат, истифодаи гарми, газ, кувваи электрики, 80% арзон кардани дорувор, протезкунии бепул ва гайра) мавчуданд. Нафака аа тарафи органхои вазорати таъминоти ичтимоии  республикахои иттифоки таъин карда мешавад.

Нафака ба хайати офицерони Армияи Совети ва Флот аз тарафи органхои  Вазорати мудофиаи СССР зимни ба назар гирифтани унвони харби ва муддати хизмат дар армия дода мешавад. Дар карори КМ КПСС ва Совети Вазирони СССР (аз 1 октябр 1979) зикр шудааст, ки истифодаи мехнати нафакахурон дар хочагии халк  адхамияти калон дорад. Аа ин ру барои боз хам самаранок истифода бурдани мехнати нафакахурон чорахо андешида шудааст. Таъини Нафака зухуроти гамхории беназири Парти­яи Коммунисти ва Давлати Совети аст.

Таъини Нафака барои мехнаткашони мамлакатхоп сотсиалисти хам вучуд дорад.

 

 

 

 

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …