Маълумоти охирин
Главная / Биология / Наботот

Наботот

1) н а б о т, ниг. Растани; 2) олами наботот, мачмуи фитосенозхо (мачмуи растании китъахои якхелаест, ки байни якдигар ва бо мухит — чангал, дашт, биёбон, маргзор ва гайра муносибати мураккаби тарафайн доранд)-ро гуянд, ки Замин ё нохияхои чудогонаи онро фаро гирифтааст. Наботот махсули тахаввулот (эволютсия)-и бардавоми олами органики аст. Наботот як чузъи мухимми биосфера буда, ба иклим, низоми об, хок, релеф ва гайра вобаоста аст.

Точикистон диёрн кухсор мебошад. Иклими он нихоят гуногун аст ва ин боиси хеле рангораигии ола­ми наботот гаштааст. Дар водиву куххои Точикистон гиёх ва буттаву дарахтони бисёр месабзанд. Аз руи хисоби пешаки дар худуди Помиру Олой такрибан 6—6,5 хазор намуди растани (акад. П. Н. Овчинников) меруяд. Хамворихоро биёбонхои шибогзор, дарёбодро тугайзор (туронга, газ, ангад, найу сарнайзор ва гайра), минтакаи миёнакухро чормауз- зор, арчазор, баъзан даштхо, баландкухро маргзору дашт (дар Помири Шарки хатто биёбон) фаро гирифтаанд. Набототи Точикистонро ба навъхо (типхо)-и зерин таксим мекунанд: Буттаву дарахтзор. Асосан дар нохияхои сернами республика чой- гир шудааст. Чангалзори пахнбарг, тугайзор, чангалзори резабарг, арчазор (бурсзор), буттазори пахнбарг (настаранзор ва гайра) ва чангалзори гармсер (шиблак)-ро дар бар мегирад.

Чангалзори пахнбарг аз буттаву дарахтони нами ва гармипарвард (алалхусус чормагз, фарк, чинор, тилех, себи кухи ва буттахои хархела таркиб меёбад. Алафзори он бештар аз песак (хинои касдангип), кузикавша ва гайра иборат аст. Чангалзори пахнбарг хоси каторкуххои Хисору Дарвоз (умуман минтакаи миёнакухи Точикистони Маркази, ки дар ин чо 1000—1500 мм боришот мешавад) мебошад. Кисми зиёди он дар нишебихои чан. каторкуххои Хисор, шим. Дарвоз, инчунин Петри I чойгир шудааст. Аз чангалзори пахн- барг мева (чормагз, олуча, ангур, кот, настаран ё хуч, зирк ва гайра), рас- танихои хутабую гизои, гиёххои шифобахш мегундоранд. Буттаву да­рахтон нишебихои кухро аз эрозия (обшуи хок) эмнн медоранд ва мус­тахкам мекунанд.

Тугайзор дарёбоди хамворихои гарми республикаро дар бар ме­гирад. Асосан аз буттаву дарахтони туронга, чигда, газ ва гайра иборат аст. Ба тугай гиёххои хушадори кадбаланд (най, сарнай — эриантус, найшакари худруй ва гайра) хосанд. Ту­гайзор махсусан дар поёноби Вахш (дар худуди мамнуъгохи «Полвоптугай») намуди табиии худро хуб нигох доштааст.

Чангалзори резабарг асо­сан дар дарёбод ва болотар аз чангалзори пахнбарг чойгир шудааст. Дар ин чо бештар бед (эрони, турони), туси туркистони, рим (як навъ сафедор), ангад, буттахои газ, юлгун ва гайра меруянд. Дар чангалзори резабарг гиёххои маргзории геша, навъхои себарга, юнучда, мушунг, нахудакхо, навъхои чорубак, сукгиёх, хардума ва гайра фаровонанд. Асо­сан дар каторкуххои Зарафшон, Бадахшон, Хисору Дарвоз, инчунин дар зиначойхои дарёбод (кариб дар аксари нохияхои республика) чой гирифтааст. Алафзори чангалзори резабаргро дарав мекунанд, инчунин чун чарогох, хеле мухим аст.

А р ч а з о р аз дарахтони сузанбарги удбурс, сиехбурс (арчаи туркистони) ва мурудбурс (арчан зарафшони) ба вучуд омадааст. Такрибан нисфи чангали Точикистон аз арчазор иборат аст. Дар он буттахо (мушол, зирк, табулга, кот, хуч ва гайра) низ бисёранд. Ба алафзори арчазор бештар гиёххои гандумак, чи- мак, юган хосанд. Арчазор асосан дар нишебихои шимоли хаторкухи Турки- стон, кисман дар Курама ва Хисору Зарафшон чой гирифтааст. Дар чануби республика арчазор дар каторкуххои баланди Боботог, Гозималик, Сарсарак ва Санглох ба назар мерасад. Арчазор чарогохи хуб аст. Арча чуби аълосифат дорад ва меваи он ашёи доруист. Арчазор барои хифзи нишебихо аз эрозияи хок ахамияти хеле калон дорад.

Буттазори пахнбарг (настаранзор ва гайра) аз буттахои нами- парвард иборат аст. Одатан дар минтакаи миёнакух ва доманаи баландкух (дар он чое, ки дашту маргзоранд) нуму меёбад. Бештар дар каторкуххои Хисору Дарвоз (сохилхои Обихингоб, Кофарнихон, Ягноб), ни­шебихои шимоли кухи Дарвоз вомехурад ва чарогохи хуб аст.

Ча н галзори гармсер аз буттаву дарахтови пасткади гармсер (талхакбодом, писта, шулаш, чилон, тотум, заранг, карганак ва гайра) таркиб ёфтааст. Алафзори он аз гиёххои эфемери (даври нашъунамояшон кутох)—илох, чорубак, бузгандум, бомас, нахудак ва гайра иборат аст. Асосан пасткуху доманакуххои Хисору Дарвоз ва Зарафшон, инчу­нин чанубу гарби Точикистонро дар бар мегирад. Пистазори фарох дар чануби республика (кариб 100 хазор га) чойгир шудааст. Анчиру анорзори табии ва шулашзор холо дар нише­бихои гарби ва чануби каторкухи Дарвоз боки мондааст. Чангалзори гармсерро чун чарогох истифода мебаранд.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …