Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Мусоев Муллопулод

Мусоев Муллопулод

Мусоев Муллопулод (1875, дехаи Кистакузи Хучанд —12. 07. 1963 — Хамон чо), табиби халкки. Падари профессор А. М. Пулодов, бо номи Муллопулоди табиб ва «табиби кистакузи» машхур буд. Мусоев баъди хатми мадрасаи Киста- куз илми тиб ва тачрибаи табибиро дар шахри Куканд аз бобояш Муллоисо ва Ибни Ямин (падари Хамза Хакимзода Ниёзи) омухтааст. Мусоев дар хонааш асбобу дастгоххои дорусози дошт, хосияти шифобахшии бисёр растанихоро нагз медонист ва онхоро чамъ карда аз руи дастуруламалхои маъмули онвакта, ба монанди «Ал-Конун»-и Ибни Сино, «Каробо- дин» ва гайра. дорухои гуногун тайёр мекард. Масалан, ба таркиби доруи «хафтдах ашё» (чордору) ба гайр аз гиёххо боз танакор, зок, купороси мис, устухонаи харчанги оби ва гайра низ дохил мешуд. Бо ин дору у дарди гулу, ангина, дифтерия, скарла­тина барин беморихоро бомуваффакият табобат мекард. Мусоев усулхои эътимодбахши табобати бисёр беморонро истифода менамуд. Масалан, чарохатхои римнок (пучак, хафтпуст, хасмол ва гайра)-ро аввал бо мархам пазонда, сипас нештар зада фасодашро мебаровард. Ба ин усул чарохат тез сихат мешуд ва доги захм боки намемонд. Бемории «Реши пашша» (пашшахурда)-ро бо мархами «Анзурут» бе дог муолича мекард. Барои табобати дарди асаби сурин, ки бо номи «дарди куян» маълум буд, у аз миён то бучулаки пои беморро чилбуртоб мекард. Ин усул асоси илми дорад, чунки дар вакти чилбуртоб кардани бадан як кисми хучайрахо нобуд шуда, микдори гис­тамин зиёд мешавад ва боиси тез шудани харакати хуну мубодилаи модда мегардад, ки дар натича иллат тезтар шифо меёбад. Мусоев хулосахои назарии илми тибби онвактаро дар амалия васеъ истифода мебурд.

Мусоев мероси илми боки нагузошта аст, вале чун табиби халк дар байни мардум обрую эътибори зиёде дошт.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …