Маълумоти охирин

Мур

Мур, (Ocneria (Porthetria ё Ly- mantria) dispar), кирминаи шапала­ки зараррасони хочагии кишлок.  Махусусан ба буттаву дарахтон зарари калон ме­расонад. Шапалаки нарина ва модинаи Мур бо рангу хачм ва сохти муйлабча аз хамдигар фарк мекунанд. Пахноии боли шапалаки модина 9 см (наринааш 5 см), рангаш сафеди тира ё сафеди зардтоб; боли пеш хокистарии буртоб, боли акиб — бур. Мур кариб дар тамоми Европа, Афри­каи Шимоли, арзхои Осиё, Амрикаи Шимоли, ИТТИХОДИ ШУЪРАВИ (Кисми европои, районхои чануб кисми осиёги) пахн шудааст. Соле як бор меафзояд. Шапалакхои Мур одатан дар июл — август (дар районхои чануб— июн) парвоз мекунанд. Онхо якбора чуфт шуда (бештар дар кисми поёни тана ва шохахо ё дар чонхои аз хок боруни решаи дарахтон, инчунин дар санг ва гайра) тухм мегузоранд. Баъди 20—25 шаборуз аз тухм кирмина ташаккул меёбад ва зимистонро дар даруни тухмпарда мегузаронад. Мур ба бештар аз 300 намуди растани зарар мерасонад. Мур барги булут, момроз, дарахтони мева, сафедор, тус, зирфун, бедро нагз мехурад. Хангоми хуруч Мур барги дарахтонро пурра хурда, ба растанихои алафи, хатто ба хушадорхо ва саб­завот мегузарад. Дарахтони аз Мур зарардида аз рушд монда, мева намебанданд. Дарахте, ки аз Мур бори дуюм зарар дидааст, мехушкад.

Ч о р а х о и мубориза: тухмхои гузоштаи Мурро аз дарахту растанихо чамъ- карда сузондан; ба тухми шапалаки Мур пошидани равганхои минерали, ба танаи дарахтон халкаи ширеши зиддимур молидан ва ба растани пошидани инсекти­сидхо.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …