Маълумоти охирин

Мултон

Шахрест дар Покистон, дар музофоти Панчоб ва наздикии дарёи Чиноб. Ахолиаш 544 хазор нафар (1972). Маркази мухими иктисодиёт, узели наклиёт. Сохаи асосии саноат — бофандаги, махсусан матоъхои пахтаги. Корхонахои саноати химия, шиша, хуроквори низ дорад. Ба Мултон аз кони гази Суйи газопровод гузаронида шудааст. Мултон маркази  кадимии хунармандист. Дар Мултон кошинхои сирдор, сафолот, колин, маснуоти чарми тайёр мекунанд. Ёдгорихои меъмориаш: макбарахои Шохюсуфи Гардези (1150—1152), Шамси Табрези (соли 1780 аз нав сохта шуд), Рукни Олам (1320—1324).

Мултон дар нимаи аввали хазораи 1 то мелод бунёд ёфтааст. Онро соли 326 то мелод Ис­кандари Макдуни забт кард. Соли 713 Мултонро арабхо ишгол намуданд. Асри 8 — маркази давлати мусулмони, асри 10 — маркази давлати карматиён. Асри 11 шахрро Махмуди Разнави ба даст дароварда, асри 12 дар хайати давлати Руриён, аз соли 1228 тобеи салтанати Дехли буд. Соли 1398 онро Амир Темур ва соли 1527 Бобур забт намуданд. То соли 1572 ба Империяи мурулхо дохил мешуд. Соли 1818 ба давлати сикххо гузашт. Соли 1849 Мултонро мустамликадорони англис ба тасарруфи худ дароварданд. Баъди таксимоти Хиндустон (1947) ба терреторияи Покистон дохил шуд.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …